
Такрори ҳодиса, аммо...
Ҳодисае, ки дар ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ рух дод, ба куштор анҷом ёфт. Айнан ҳамин ҳолат дар деҳаи Тегирмии ноҳияи Комсомолобод (имрӯза Нуробод) 30 сол пеш ба вуқуъ пайваста буд. Дар ин деҳа асосан мастчоҳиҳои солҳои пеш кӯчида омада зиндагӣ мекунанд.
Духтари Шарифбек ном мӯйсафеди обрӯманд ба муаллиме, ки аз ноҳияи Дарвоз дар мактаби деҳа дарс мегуфт, ошиқ шуд. Ҷавон ҳам ба духтар дил баста буд. Ба ҳамин хотир падару модарашро ба хостгорӣ фиристод. Натанҳо падару модар, балки аҳли авлоди духтар барои ба муаллим додани Фирўза розӣ нашуданд. Зорию илтиҷои ҷавонон ҳам суде набахшид. Онҳо оқибат маслиҳат кардаву фирор карданд. Овозаи гурехтани ошиқу маъшуқ сар то сари ноҳияро фаро гирифт. Арзу доди падару модари арӯсро ташкилотҳои дахлдори дохилӣ шуниданд ва азбаски дар “исёни ошиќон” аломатњои ҷиноят набуд, мегуфтанд, ки дар ҳаққашон дуо кунед, ки зиндагии хуб бинанду обод шаванд. Оҳиста-оҳиста гапу калочаҳои мардум хомӯш шуд. Онҳо соҳиби фарзанд шуданд. Падару модари духтар маслиҳат карда, барои оштӣ ва табрик карданашон омаданд. Имрӯз ин ошиқони фирорӣ соҳиби фарзандони солеҳу набераҳои зиёд зиндагии хушҳолона доранд.
Дар Мастчоҳи Кӯҳӣ бошад , баракс фирори ошиқон ба фоҷеа анҷом ёфт.
Магар бе куштор намешуд?
Хабари нохуш дар кӯчаву бозор, шаҳру навоҳӣ дар ҳама ҷо тез паҳн мешавад. Марги Гулҷаҳони 22-сола бо тифли 8-моҳаи дар батнаш буда ва шавҳарашро шунида,мардум ангушти ҳайрат газиданд.
-Ваҳшоният аз ин зиёд намешавад,- мегуфтанд онҳо.
Қотил бародари Гулҷаҳон –Қутбиддин буд. Ӯ фирор кардани хоҳараш ҳамроҳи дӯстдоштааш Ҷамшедро шунида, лаб зери дандон монда, тоқат мекард. Тавре зимни суҳбат як нафар корманди мақомот гуфт, пайвандони духтар низ ба чанд идораи дахлдор арз карданд. Дар ҳаракатҳои духтару дилдодааш ҷинояте дида намешуд. Онҳо ҳамдигарро дӯст доштанд. Вақте ки волидайн муқобили якҷояшавиашон шуданд, аз Мастчоҳи Кӯҳӣ ба Мастчоҳи нав фирор карда, бо никоҳи мусулмонӣ оила бунёд намуданд. Аламовараш он аст, ки ба ин кор натанҳо хешу табори Гулҷаҳони аз сад гул як гулаш нашукуфта, балки ҳамдеҳаҳову ҳамсояҳо низ дахолат карданд. Нагузоштанд, ки Қутбиддини ҷавону хундарҷӯш ба ҳоли худаш гардад. Гапу калочаи мардумро шунида, ҷавон тоқат намекард.
-Гулҷаҳон шаъну шарафи оилаи моро паст зад. Дуруст мегӯянд мардум, набояд ӯ зинда бимонад,-аз ғазаб дандон ба дандон месоид ў.
Қутбиддинро он шаб аз шиддати ғазаб хобаш намебурд. Оқибат милтиқи шикориро бо чанд дона тир гирифта, бо ниятҳои ботил роҳ сӯи Мастчоҳи нав пеш гирифт. Субҳгоҳ, вақте ба хонаи хоҳараш расид, аллакай зану шавҳари ҷавон аз хоб бедор шуда буданд. Гулҷаҳон додарашро дида, дар дилаш фараҳу шодӣ пайдо шуд. Гумон кард, ки бародараш аз аспи қаҳру ғазаб фаромада, барои оштӣ кардан ва дидорбинӣ омадааст. Бовар надошт, ки бародари ба љон баробараш қотили ӯву фарзанди дар батнаш буда ва шавҳари дӯстдоштааш мегардад.
Қутбиддин бе ягон ҳарфу садо милтиқро тарафи хоҳараш дошту садои тир баромад. Ба ҳамин минвол язнаашро низ ба қатл расонида, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Гумон кард, ки бо ин кор як коса оби сард ба болои хашму ғазабаш рехт. Дилаш таскин ёфт. Вақте ки кормандони милитсия ӯро дастгир карда, ба ҳабс гирифтанд, акнун лашкари пушаймонӣ ба вуҷудаш ҳамлавар шуд.
Муште, ки баъд аз ҷанг ба ёд ояд....
“Ин чӣ кори кардаам буд. Фарзанди падар ва ҷавони бегуноҳеро, ки ҳамсоли худам буд, аз ҳаёт маҳрум сохтам. Хоҳарам дар батнаш тифли ҳаштмоҳа доштааст, хуни ноҳақи ӯ ҳам ба гардани ман...”. - худ ба худ мегуфт ӯ.
Дар мурофиаи судӣ низ ба гуноҳҳои содирнамудааш иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кард. Ӯ дарк намуд, ки бо ин амали ҷоҳилонааш натанҳо ҳаёти хоҳару шавҳар ва тифли ҳанӯз ба дунё наомадаро, балки ҳаёти худашро низ сӯхтааст. Аммо аллакай кор аз кор гузашт буд. Суди вилояти Суғд ҳафтаи гузашта Қадриддин Ризоевро барои содир намудани куштор бо моддаи 104, қисми 2 ба муҳлати 30 сол равонаи маҳбас кард. Ин ҷазои сазовор аст, барои қотил. Қотиле, ки фарзанди падар ва боз ду тани дигарро аз ҳаёт маҳрум кард. Аммо оё дар атрофи Кутбиддин магар ягон одам зинда набуд?
-Ҳамсояҳои ин ҷавон , ки ӯро бо таънаю маломатҳои худ ба дараҷаи одамкушӣ расонидаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд,-мегӯяд Фарангис аз ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ.
“Аблаҳ, иродаи суст доштааст. Одам ба ҳар нохушӣ сабру тоќатро пеша мекунад. Магар ишқи ду навҷавонро пеши по задан камоли золимӣ нест? Акнун умри ҷавонашро дар паси панҷараи маҳбас сипарӣ мекунад. Аз ин дида марг авлотар аст”, -навиштааст Аюбӣ аз шаҳри Душанбе.
-30 сол? Ин кам аст. Акнун арраи маҳбас ноҳамвориҳояшро суфта мекунад,-мегӯяд холаи Назокат, сокини деҳаи Зиддии ноҳияи Айнӣ.
Албатта, имрўз кор аз кор гузаштааст њар нафаре андешаи худро ба таври худ ва диди худ баён мекунад. “Муште, ки баъд аз ҷанг ба ёд ояд, ба сари худ зан “ мегӯяд халқ. Хулоса, куҷо будед, мардум?
Тафсилот дар ҳафтаномаи "ТОҶИКИСТОН"