
Аввалаш дар шумораҳои гузаштаи "Тоҷикистон"
Ба Лоиқ мақбараи сар ба афлок мебояд
Ман дар шеъри «Марқади Лоиқ» – навиштаам:
Ҳарири барф меборад
Ба рӯи марқади Лоиқ,
Ту гӯӣ парчами алмос
Бипӯшонад қади Лоиқ.
Зимистон тӯр мебофад,
Хазину дарднок аст ӯ,
Ғиревад ончунон гӯӣ,
Чу Лоиқ синачок аст ӯ?
Қадаш симину рух симин,
Танаш тундбодро монад,
Даҳону чашми ӯ алмос,
Умеду додро монад.
Нишаста дар бари марқад,
Бигӯӣ, ки фиғон дорад,
Чуноне навҳа месозад,
Гумон созӣ, ки ҷон дорад.
Зи байни марқадони пок,
Шиносад марқади Лоиқ,
Ба сад фарёд дур пошад,
Бигӯӣ бар қади Лоиқ…
Ё дар шеъри «Ин аст марзи ту?» “Бо дарди ту бар хоки сияҳ меравам, эй шеър …” – гуфта буд Лоиқ.
Лоиқо, он «Ҷоми Хайёмат» куҷост?
Ҳарфи сеҳрангези гулфомат куҷост?
Ту намондӣ нуқта бар Девони худ,
Дафтару Девони хушномат куҷост?
Бас варақ гардонда даврон дафтарат,
Ӯ бихонда шеъру абёти тарат,
Он ҳама авроқи пурасрори дил
Давр мегардад чу гардун дар барат.
Ду қадам оё бувад он марзи ту?
Беканориву ба ин хок арзи ту?
Гунбаде бояд туро сар бар фалак,
Ин магар он вусъату он арзи ту?
«Бале, бояд барои Лоиқ гунбади сар бар афлоке ба мисли мақбараи Хайёми бузургвор мақбарае офарид, ба мисли вусъати назмаш. Аз дасти мову оилааш он намеояд. Онро бояд ё давлат ё сарварони назми Шарқ ба субут расонанд. Ӯ волотарин шоири асри бист аст. Ман умед дорам, ки мардуми Шарқ дар ин бора фикр менамоянд. Ҳоло ба марқади хоксорона ва рӯҳи бузурги ӯ таъзим мекунам», - навишта будам. Вале ҳоло марқади ӯро ҳамсараш бо фарзандонаш бо симояш таъмир намудаанд, ки диданист.
АЗ БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ МЕОЯД
Ман қадаммонии чобуки Хайёмро дар саҳни ҳавлии дуошёнааш мешунидам. Ӯ ором ба рӯи сабзаҳо қадам мегузошт, сабзаҳои шабнамолуд. Дар рӯи мижгони ҳар як сабза шабнам, дар рӯи раддаҳои гулҳои садбарг, донаҳои шабнам ҷило медиҳад. Ҳар як барги гул гӯё дар каф аз шабнам дуру гуҳар дошт, ки дар шуои нури хуршедӣ – ҳамчун алмос ба сад ранг нурпошӣ менамуд. Ғунчаи гули навшукуфтаи беҳтарини ақиқмонандро канда, ба дасти Моҳу дод. Ӯ ба ишораи Хайём нигарон буд. «Ба ошёнаи боло, – ишора намуд ӯ бо сар». «Бале», – мегуфт бо ишора Хайём. «Боз моҳу ситора мебинӣ бо дурбин», – мегуфт бо ишора. «Не, туро мебинам», – ишора кард Хайём. Ва дукаса баланд хандиданд. Гӯё хандаи онҳо дар бехи гӯш садо медод, ки ман ба худ омадаам. Лоиқ Хайёмро хеле дӯст медошт. Ӯ шод мешуд, “Хаймаи Хайём”-машро хонам. Ӯ шоири ҳақгӯ ва ростгӯ буд. Аз ин рӯ, маро Адолатхон ба Варзоб даъват намуданд. Ман бо набераам Маъруф, ки дар сесолагиаш бо дӯстони Лоиқ дар хонааш зодрӯзи ӯро ҷашн мегирифтем. Бо Адолатхон ба Варзоб, ба хонаи истироҳати Иттифоқи нависандагоне, ки акнун баъди ҷанг аз ӯ назире намондааст, омадем.
Илёс, Қурбонназар ва Адолат суҳбати хуше доштанд, ки механдиданд. Суҳбат дар ҷӯш буд. Хандаи мастонаи марду зане аз кунҷи боғ ба гӯш мерасид. Нолаи чуғз бо онҳо ҳамовоз гардид. Аҷабо, чӣ чуғзе, ки дар ин боғ лона кардааст. Чуғз аз чӣ нола мекард? Нохушие ба ӯ рӯй дода бошад ва ё бачааш аз лона афтода бошад. Ё нола кардан дар вайронаҳо пешаи ӯст. «Дар куҷое, ки чуғз лона кунад, агар он ҷо вайрона ҳам набошад, ба вайрона мубаддал мегардад», – мегуфтанд одамон. Чаро ба як паррандаи бегуноҳ, ки рӯз ӯ дар лонаву шаб аз пайи шикор аст ва агар аз рӯи виҷдон, даст ба рӯи сина бурда гап занем, ӯ ҳашароти зараровар, ба мисли мушу калламушу мори заҳрдорро тӯъмаи худ мекунад, вале як хислати он, ки ӯ рӯзро дӯст намедорад, номаш ба сиёҳкорӣ баромадааст. Чаро моҳи танҳои шабгардро, касе мазаммат наменамояд? Рӯи зеборо ба рӯи моҳ ташбеҳ медиҳанд, вале чуғзро мазаммат мекунанд, аз садои ӯ дар тан раъша медамад… Чаро?... Ҳо, боз нолаи чуғз ба гӯш мерасад. Чуғз дар харобаҳо манзил мегузинад. Оё ин ҷо аз кадом хароба камтар аст? Хайрият ҳамаи дарахтонро дар ин чанд соли ҷанги бародаркушӣ, дар ин солҳои қаҳтӣ, бурида набурдаанд. Хаёлам ба дурҳо меравад... Чӣ рӯзи хуше буд, он рӯзе, ки Лоиқ ману ҳамсарам бо ҳамин мошини “Москвич” гуфт: “Ба ош меравем” ва ману ҳамсарашро гирифта, ба ин боғи шоирон оварданд. Айёми тамузи тобистон буд. Дар рӯи кат устод Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода менишастанд. Баробари моро дидан онҳо аз ҷой хестанд.
– Устод, ташвиш накашед, – инҳо дӯстони мананд. - Бо «Волга»–ам онҳоро овардам. - Лоиқ ба «Москвич» – и нимдошти худ, – ишора кард.
– Ҳеҷ гап не, бачем, худо хоҳад ҳоло волгадор ҳам мешавӣ, – гуфтанд устод Турсунзода.
– Бо ин мошин ташвишат камтар, бензинро кам мехӯрад, онро касе намедуздад, касе зада намегирад, – бо шӯхӣ гуфтанд устод Боқӣ Раҳмизода. - Ҳа, Зебуннисои сонӣ омадаанд, ба ман ишора карданд.
– Ин кас домоди самарқандӣ – Маъруфҷон, ҳамсарашон, дар тӯяшон мо бо Мӯъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ иштирок доштем. Вақте ки Лайлохон месуруданд, тамоми қишлоқ ҷамъ омаданд, – мегуфтанд устод Боқӣ Раҳимзода. Пешхизмат чою нон ба рӯи дастархони густурда гузошт, писархонди Боқӣ Раҳимзода, Шарифҷон ба болои дастархон як табақ гӯштбирёнро оварда монд.
– Худат низ шин, – бачем.
– Пойи қадам кардед, – гуфтанд устод Мирзо Турсунзода. – Аз боло гузаред.
Мо ба рӯи кӯрпачаҳо нишастем.
– Устод, як шуморо хабар гирам, – гуфтанд Лоиқ.
– Хеле кори хуб кардӣ, меҳмонҳо ҳам ба пойи қадам будаанд. То шумо наомадед, ба мо хӯрок наоварданд.
– Мо шумоёнро интизор будем, - гуфтанд устод Боқӣ Раҳимзода.
– Ба хӯрок нигаред, – гуфта, устод Мирзо Турсунзода ба сӯи табақ даст бурданд.
Ёди ман боз ба дуриҳо меравад, бол мегираду парвоз мекунад. Дар пеши дидаам он боғи сарсабзу гулафшоне падидор мегардад. Овози ширадори устод Мирзо Турсунзода аз дуриҳои дур ба гӯш мерасад:
Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,
Мавҷи дарё ғуриши мавҷи дамонро бишнавед,
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард…
Овози Лоиқи дилдода, ошиқи зиндагӣ, гӯё дар пеши устоди худ истода, имтиҳони шеър месупурда бошад, мехонад:
Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт,
Ки басо гумкардаҳо дорам ба маҷрои замона,
Ки басо гумкардаҳо дорам ба ину он баҳона,
Дар ҷаҳони бекарона
Дар талоши рӯзгори ҷовидона.
Кӯрхат бинвис,
Ки ёбам ганҷҳои мурдаро,
Шаҳрҳои душманон аз пеши чашмам бурдаро,
Ҳам китоби ғарқи дарё гаштаро,
Илму фарҳанги адувон куштаро,
Шоиру шеъри ба хун оғӯштаро…
Кӯрхат бинвис, ёбам
Як гурӯҳи аз дурангиҳои вақт
Дар сароби интихоби асли худ раҳгумзада,
Асли худро ройгон бифрӯхта,
Ҷои фахру нанги миллат
Ҷои зарҳалкории фарҳанги миллат
Симу зар андӯхта,
Дар шарори оташи зар зоти худро сӯхта,
Оқибат андар гуми гумномиҳо саргаштаро…
Садои устодро мешунидам, ки забон ба таҳсини Лоиқ кушуда, он касро пару бол медоданд.
Вақт ин меъёри ҳама ченакҳост.
– Муаллима, ба фикр фурӯ рафтаед, бо моеду аз мо ҷудо. Қадаҳ бардоред, сухан гӯед… Ана, апаам Адолатхон чандин бор суханони хуб гуфтанд. Ман ба Адолатхон нигаристам, дар зери нури чароғ чеҳрааш ба назар арғувонӣ менамуд. Лабонаш моили табассум буду бо чашмони барроқи худ ба ман менигарист. Дар хаёлам чашмони ӯ аз дурахши лӯлӯи рахшанда низ сернур буданд. Дар пеши дидаам Адолати бо либоси низомӣ дар минбари сесияи XVI Шӯрои олӣ сухан намуда ва ба зону зада парчами миллиро ба лаб оварандаро дидам. Лабони арғувонияш ҳамеша моили табассум. Аз ҳаёту зиндагиву кору бору ҳамсару фарзандонаш ризо. Ҳар замоне: «Худоро шукр, ман як зани тоҷики бе падар монда, бе падар калон шуда, соҳиби ин қадар обрӯву эҳтиром гаштам. Як духтари оддии деҳотӣ, кӣ гуфта метавонист, ки бо дараҷаи боло мераваду курсинишин мегардад ва ин қадар ҳурмату эҳтиромро мебинад. Ман аз он рӯзе, ки худро ба ёд дорам, дар саҳрои колхозӣ кор мекардам. Баъди дарс ҷои ман саҳро буд. Борон пероҳанамро тар менамуд, бод сару рӯямро мелесид, офтоб нури эзидии худро бо саховат ба тани нозуки ман, ки аз боди даргузар алвонҷ мехӯрд, мепошид. Ман ҳар субҳ ба обу хоку оташу бод таъзим менамудам. Ин чаҳор унсур тану пою сари маро ламс намуда, ба доругирумони зиндагӣ мутобиқ сохтааст…»
– Ба фикр наравед, апа, – рӯ ба ман намуд Адолатхон, сухане гӯед, чунки ин ҷо ҳама аз май пиёдаанд. Бо сухан дилҳоро барафрӯзем. Мардони даври мо аз арақ пиёдаанд. Яке сӯфӣ, дигаре дар сари чамбари мошин.
- Барои чӣ сухан гӯям?...
– Барои мо, барои занони меҳнаткаш, барои ин лаҳза :
Ин дам, ки фурӯ барӣ, барорӣ ё на?...
Дарё суруди шодбошӣ ба лаб мавҷзанон мешитофт. Моҳу ахтарон кайҳо дар чодари қиргуни осмон ҳукумронӣ мекарданд.
Аз дили дарё суруди Лоиқ ба гӯш мерасид:
Аз синаи хок,
Аз синаи санг.
Мастона оӣ
Бо шӯру оҳанг.
Эй мавҷи бехоб,
Эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб,
Дарёи Варзоб.
Гулбоғ аз ту
Шаҳри Душанбе.
Рӯҳу равонӣ
Баҳри Душанбе.
Эй мавҷи бехоб,
Эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб,
Дарёи Варзоб.
Атри ҷавонист
Атри насимат.
Ёди баландист
Номи қадимат.
Эй мавҷи бехоб,
Эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб,
Дарёи Варзоб.
Оҳ, ман фаҳмидам чаро ахтарон сар ба зер афкандаанд. Онҳо гӯш ба суруди дарёи Варзоб доранд, ки аз дили он сурудҳои ҷовидонаи Лоиқ замзама мешаванд. Магар ахтарон медониста бошанд, ки Лоиқи ошиқ, ошиқи рӯи моҳу ахтарону боду офтобу обу замин даргузаштааст. Хаёлам ахтарон медонанд даргузашти Лоиқро, он марди ошиқи содиқро. Чаро мегӯӣ, ки медонанд, барон он ки кайҳо ӯро дар лаби дарёи Варзоб надидаанд, дар шабҳо, ки ӯ ошиқи моҳу ситораҳо буду ба чашмакзании онҳо чашмак мезад, надидаанд. Ахтарон аз даргузашти Лоиқ ҳис намудаанд, он марде ки мегуфт:
То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро,
То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро,
То наёбам роҳи дилҳои тамоми зиндагонро,
То набардорам ба душам дӯшбори ин замонро.
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То наорояд ҷавониам ҷаҳони пирро,
То набандам бо сурудам пеши роҳи тирро,
То нагирам бо қалам пеши дами шамшерро,
То набинвисам зи нав ман номаи тақдирро,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!...
Не, онҳо чӣ шабҳое, ки дар сари марқади ӯ ашкрезӣ намудаанд ва ҳоло низ ҳар шаб ба рӯи марқади начандон ободи ӯ ашки ҳасрат мерезанд. Тараннумгари онҳо тараннумгари ин дарё аз дунё даргузашт.
Дар китобам «Лоиқ намеояд дигар» дар шеъри: «Ин аст марзи ту?» – гуфтаам:
Ду қадам оё бувад он марзи ту?
Беканориву ба ин хок арзи ту?
Гунбаде бояд туро сар бар фалак,
Ин магар он вусъату он арзи ту?
Бале, гунбаде бояд барои Лоиқ, гунбаде ба мисли шеъраш оливу болову воло…
Бале, шоире ки мегуфт: - «… То набардорам ба душам душбори ин замонро», – хеле гарон афтод. Душаш душбори ҷанги миллатро набардошт. Бо як душ бори шеър, бори душбори замон, бори ҷангу нанги миллатро бардоштан оё мумкин аст, гарчанде мегуфт:
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.
Миллати ӯ ки самти суҷудаш буд, аз гиребони ҳамдигар гирифта, номи миллатро паст зада, тараққиёти мамлакатро ба садсолаҳо ба қафо партофт, ки аз ин рӯ мегӯяд:
Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ неру сафи аъдо шиканам?
Бале, тани танҳо бардоштани ин бори гарон хеле мушкил буд…
Чӣ тавре дар ин ҳолат Ҳофизи бузургвор гуфтааст:
Фалак ба мардуми нодон диҳад зимоми мурод,
Ту аҳли донишу фазли ҳамин гуноҳат бас!
Бо каме аз ҳама он ёддоштҳое, ки аз шоири бузурги миллат, Лоиқ Шералӣ медонам, иктифо менамоям ва мегӯям, ки хонаи охираташон илоҳо бо Нури илоҳӣ ҳамеша пурнур гардида бошад. Хоки ӯ дар Лучоб чаннат макону саҷдагоҳи хосу ом аст.
Ором бихоб, эй шоири ҷонфидои миллат!
Давомаш дар шумораи ояндаи "ТОҶИКИСТОН"