
Гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Нангаҳори Афғонистон радиои "Садои хилофат"-ро таъсис додааст, ки ҳадафаш ҷалби мардум ба сафи ин гуруҳ ва таблиғот будааст.
Ба навиштаи расонаҳои маҳалӣ Шӯрои вилоятии Нангаҳор иддао кардааст, ки ин радио дар тамоми вулусволиҳои Нангаҳор ба истиснои Ҷалолобод шунида мешавад. Ин гуруҳ дар барномаҳо ба муқболи ҳукумати Афғонистон таблиғот бурда, аз тариқи он фатво содир мекунад.
Яке аз ҷавонони сокини Нангаҳор гуфтааст, ҳукумат бояд монеъи фаъолияти ин радио шавад, зеро он алакай рӯи афкори ҷавнон таъсир гузоштааст. Ин ҷавон гуфтааст, аз тариқи мавҷзанҳо бояд мавҷи ин радиои қатъ карда шавад.
Фаъолияти чанд моҳи ахаири ДИИШ дар Афғонистон авҷ гирифтааст. Агар қаблан аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон фақат мақомоти амниятӣ ҳарф мезаданд, ҳоло шаҳрвандони Афғонистон низ яқин пайдо кардаанд, ки гуруҳи мазкур дар Афғонистон зуҳур кардаат.
Афғонистон бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад ва борҳо мақомоти Москов аз ҳамлаи ДИИШ ба Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон изҳори нигаронӣ кардаанд