Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

С.Ятимов: “Назарзодаҳо, кабириҳо абзори бозиҳои геополитикӣ ҳастанд”

$
0
0

Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаҳои ахири ин кишварро “ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ” унвон кардааст.

Дар як матлаби Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зери номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)”, ки "Ҷумҳурият" - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон “ғайричашмдошт набуд”.

Ба навиштаи ӯ, “бозигарони геополитикӣ мушкилоти мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афродро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд. Давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд”. Вале оқои Ятимов дар ин замина аз ҳеҷ давлати хосе ном набурдааст.

Ятимов дар ҳамин ҳол, таъсиси гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ”-ро низ худҷӯш намедонад. Ба эътиқоди Саидмӯъмин Ятимов, “сохтани «Давлати исломӣ», ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия, ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани Толибон, ҳодисаҳои марбут ба дастаи террористии Абдуҳалим Назарзода, ҳамчун раванд ғайричашмдошт нестанд.”

Ӯ дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки бештар бо номи “ошӯби генерал Назарзода” маъруф аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро “бозича” унвон мекунад.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин навиштаи худ хулосагирӣ кардааст, ки "аъмоли охирин, натиҷаи кори навбатии мақсадноки душманони давлати миллӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар аст. Ин рӯйдодҳо ҷузъи одии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ мебошанд. Ва иштироки фаъоли назарзодаҳо, кабириҳо дар ин ҷараён характери инструменталӣ, бозичагӣ, абзорӣ дорад. Қисмати бозии шоҳмоти геополитикӣ аст."

 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>