
Кумитаи андоз суратҳисоби корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин бо номи "Зарафшон"дар Панҷакентро муваққатан боз намуд ва беш аз ду ҳазор коргар дастмузди думоҳаи худро дарёфт карданд.
Кумитаи андози Тоҷикистон суратҳисоби корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин мавсум ба «Зарафшон» дар ноҳияи Панҷакентро боз намуд ва беш аз 2200 коргарони он соҳиби музди думоҳа шуданд. Суратҳисоби ин корхона ҳудуди ду моҳ қабл бинобар пардохт нашудани 200 миллион сомонӣ маблағҳои андоз, баста шуда буд.
Addthis: