
-Зан-модар ва зан-мутахассис, Шумо ҳамчун вазир ба кадомаш бартарӣ медиҳед?
-Зан дар як вақт метавонад модар ва мутахассис бошад. Ин аз шахсият, донишу маҳорат, салоҳиятнокӣ ва хоҳиши худи зан вобаста аст. Занҳои муваффақе зиёданд, ки аз уҳдаи ҳам вазифаи модарӣ ва ҳам мутахассисӣ бо сарбаландӣ мебароянд.
-Мегӯянд, ки дар паси ҳар як марди муваффақ сояи наҳифи зани оқилае ниҳон аст. Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки дар рушди шахсияти шумо ҳамсаратон чӣ нақш дорад?
-Аслан, то зангирӣ шахсият аллакай ташаккул меёбад ва нақши асосиро дар рӯзгори ҳар шахс пеш аз ҳама ва беш аз ҳама волидайн мебозанд, вале баъди зангирӣ шахсе, ки ҳамқадаму ҳамрози ҳар як ҷавонмард аст, ҳатман дар зиндагӣ ва бурду бохтҳояш нақш мебозад. Беҳуда нагуфтаанд:
Тоҷбарсар мардро зан мекунад,
Хокбарсар мардро зан мекунад.
Бидуни тамоми мушкилоти рӯзгордориро ба зимма гирифтани кадбонуи хона ба кори муваффақона ноил гардидани мард имкон надорад.
-Шумо бо ишқу муҳаббат оила бунёд карда будед ё арӯсро падару модаратон интихоб намуданд?
-Мо ҳамдигарро интихоб кардем. Волидайни ҳардуямон барои хонадоршавии мо розӣ набуданд, вале мо бо ҳар васила кӯшиш кардем ва эшонро мутмаин сохта хонадор шудем. Падарарӯс се сол бо мо қаҳрӣ буд ва баъдан маро ҳамчун фарзанд қабул намуд.
-Кадом хислати ҳамсаратон ба Шумо писанд асту кадомаш нафрататонро меорад?
-Ман аз ҳамсарам танҳо як талаб доштам, ки эҳтироми волидонамро ба ҷо биёрад, зеро эшон тамоми буду шудашонро барои тарбияву таҳсили ман бахшида буданд ва чун тамоми фарзандон мо барои ба дунё овардан ва тарбияву ба камол расондан дар назди волидон якумр қарздор мебошем. Хизмати падару модарро ба ҷо овардан, кадбонуи хона будан, садоқат, таҳаммулпазирӣ, лаҳзае бекор нанишастан, ҳунармандӣ, дарккунии зарурати корҳои муҳим, ба молу пул ва орову торо таваҷҷуҳ накардан, ба тарбияи фарзандону хонадорӣ афзалият додан ва монанди инҳо хислатҳоеанд, ки ба ман маъқул аст. Ягон хислати боиси танаффур медошт, бо ӯ хонадор намешудам. Хирадманде барҳақ гуфтааст:
Сурататро чи кунам гар ту надорӣ сират,
Ман ба як ҷав нахарам сурати бесиратро.
-Аксари вазирону кабирон панҷ-шаштогӣ зану маъшуқа доранд ва ба бонувони писандидаашон мошину хонаҳои гаронбаҳо туҳфа мекунанд. Шумо чанд хонум доред ва ба онҳо чиҳо туҳфа кардаед?
-Панҷтогӣ зану маъшуқа доштани вазирону кабирон овозае беш нест. Ба дӯши онҳо вазифаҳои зиёде гузошта шудаанд ва аксаран чунин шахс вақти озоде надорад, ки дар ин бора ҳатто андеша кунад. Ман нағз медонам, ки аксаран роҳбарон имконияти пурра истифода бурдани рухсатии меҳнатии қонуниашонро надоранд. Бузургворе барҳақ фармудааст:
Саробонии мулку давлат балост,
Гадо подшоҳ асту номаш гадост.
-Шумо ҳамчун вазири фарҳанг ба ҳунари бонуи хонадонатон чӣ гуна баҳо медиҳед?
-Зани боҳунар на фақат аз нигоҳи маънавӣ, балки аз нигоҳи моддӣ ҳам барои ғанӣ гардондани буҷаи оилавӣ саҳми муносиб дорад ва бисёр дархосту хоҳишҳоеро, ки даромади буҷаи оилавӣ имкон надорад, метавонад бо маҳсули ҳунараш таъмин кунад. Аз маҳсули дастонаш аҳли хонавода, хешу табор, ниёзмандон баҳра мебаранд, дар намоишҳо ширкат меварзад, ҳунарҳои аҷдодонамонро эҳё мекунад, духтаратонро бо ҳунарҳо ошно мекунад, ки кори басо хайр аст.
Ҳунар шерозаву ҷузви саодат ҳаст инсонро,
Бувад беқадр ноқобил, агар фарзанди Ҷамшед аст.
-Дар тарбияи фарзандонатон нақши падарашон бузургтар аст ё нақши модарашон?
-Аз рӯи адолат гӯем, дар тарбияи фарзандони мо нақши аз ҳама бешар волидонам доштанд. Мо дар 20-солагӣ оила бунёд кардем ва дар 24-солагӣ аллакай соҳиби чор фарзанд будем. Ба хотири он ки ҳар дуи мо кор мекардем, тамоми масъулиятро волидон бар дӯш гирифтанд ва то мо масъулиятро дарк кардем, ки онҳо аллакай бузург шуданд ва имрӯз ҳамаашон мустақиланд. Мо алҳол чор не, ҳаштто фарзанд дорем ва домоду келинҳоямонро аз фарзандонамон ҷудо намекунем.
-Ширинтарин ва душвортарин лаҳзаи зиндагиатонро ба хонандагони «Оила» нақл мекунед?
-Лаҳзаҳои ширин дар рӯзгорамон хеле зиёд буданд. Аз хонадории бо мубориза дастдода шуруъ карда, соҳиби фарзанд шудан, онҳоро хонадор кардан, соҳиби набера гардидан, тантанаи сулҳ дар кишвар ва боз дигар лаҳзаҳо. Талхтарин лаҳза дар рӯзгори мо фавти духтари 22-солаамон мебошад, ки доғаш ҳеҷ гоҳ аз қалб зудуда намешавад. Бо он ҳама аз пешрафти рӯзгорамон шукргузор ҳастем.
-Аксари мардҳои тоҷик дар ошпазӣ ҳамто надоранд. Шумо ҳунари ошпазӣ доред?
-Маҳорати хуби ошпазӣ надорам, вале ҳанӯз аз даврони донишҷӯйӣ хӯрок мепухтам. Дар лаҳзаи зарурӣ мувофиқи имконият кӯшиш мекунам хӯрок пазам ва дастархонро оро диҳам.
-Хӯроки дӯстдоштаи вазири фарҳанг?
-Тамоми хӯрокҳои миллиамонро меписандам, бахусус фатирмаскаро.
-Машғулияти дӯстдоштаатон фориғ аз кор?
-Китобхонӣ, азёд кардани абёти намакин, тенниси рӯи миз, дар барномаи фарҳангӣ ширкат варзидан.
-Зани идеалӣ аз нигоҳи вазири фарҳанг?
-Зани хубу фармонбару порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ.
-Маслиҳати шумо ҳамчун марди рӯзгордида ба ҷавонмардоне, ки нав хонадор мешаванд?
-Ҳамаи чӣ аз эҳтиром шуруъ мегардад, қабл аз ҳама эҳтироми хеш, ҳамдигарӣ ва волидайнро ба ҷо оваранд. Аз рӯи муҳаббат оила бунёд кунанд ва барои ҳалли мушкилоташон кӯшиш намоянд. Илмҳои муосир ва техникаи ҳозиразамон, ҳамчунин забонҳоро азхуд кунанд. Барои чизҳои кӯчаку номуҳим қалби ҳамдигарро озор надиҳанд ва
фарзандони солеҳ тарбия намоянд. Умуман, миллати бостонии мо ҳикматҳои бузурги хонаводагӣ дорад ва ба ягон насиҳатгар ниёзманд нест.
Даричаи ошноӣ:
Орумбекзода Шамсиддин Шодибек-вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 марти соли 1956 дар деҳаи Поршиневи Шуғнони Вилояти Бадахшони Куҳӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 12-и ноҳияро бо медали тилло хатм намуда, соли 1972 ба факултаи филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Дар вазифаҳои гуногуни масъули давлатӣ кор карда, барои хизмати арзандааш ба халқу Ватан бо чандин ҷоизаву мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст. Аълочии фарҳанги ҶТ, дорандаи ордени “Шараф”. Оиладор, падари 4 фарзанду бобои 9 набераи дӯстрӯй.