
Муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар осоишгоҳи "Баҳористон"ба тамрин машғул аст ва барои бозиҳои олимпии Лондон- 2016 омодагӣ мебинад.
Ба иттилои манбаъ, Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои олимпии соли 2012 барандаи медали биринҷӣ шуда буд, ҳоло дар осоишгоҳи мазкур ба тамрин машғул буда, барои бозиҳои олимпии соли 2016 тайёрӣ мебинад.
Мавзуна Чориева гуфтааст, дар осишгоҳи мазкур ҳама шароит барои ӯ фароҳам шуда, ӯ аз ҳеҷ чиз азият намекашад.
Аз варзишгарони тоҷик то ҳол фақат Дилшод Назаров ба бозиҳои олимпии Лондон-2016 роҳхат гирифтааст.
Addthis: