Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Тоҷикон дигар номҳои "Мулло", "Тура", "Халифа", "Хоҷа""Шайх"нахоҳанд дошт

$
0
0

Интизор меравад, ки дар Тоҷикистон номгузории фарзандон тибқи рӯихати номҳои миллӣ сурат гирад.

Болои ин руйхат Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистонва Академияи илмҳои кишвар кор карда мебарад. 
Ин рӯйхат наздики 5 ҳазор номи тоҷикӣ ва ё номҳои мавриди қабули ҳамагонро дар бар мегирад. Волидайн ҳақ нахоҳанд дошт, ки бафарзандонашон номи берун аз ин феҳрастро гузоранд.
Қаблан вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ба қонуни қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ тағйирот ворид шавад ва дар номгузорӣ иловаҳои «мулло», «халифа», «тура», «хоҷа», «шайх», «амир» ва ғайра манъ гардад. Вазорат гуфта буд, чунин иловаҳо ба ҷудоиандозӣ дар ҷомеа сабаб мешаванд.
«Рӯйхатномҳои арабиро иҷозат медиҳад, аммо танҳо он номҳое, ки маъмулӣ шудаву дар гузаштаи таърихии мо истифода гардидаанд», - гуфтааст Абдураҳим Зулфониён, як корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон. Вай афзудааст, ин навоварӣ ба ақаллиятҳои миллие, ки дар кишвар ба сар мебаранд, дахл нахоҳад дошт. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>