Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Қаршибоев гуфт, 90 % матбуот гирифтори буҳрони молӣ аст

$
0
0

Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев гуфт, 90 дарсади матбуоти кишвар гирифтори буҳрони молӣ мебошад.

Нуриддин Қаршибоев, ки дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО суханронӣ мекард, ин нуктаро таъкид кард ва афзуд ба иллати буҳрони молӣ ва баъзе сабабҳои дигар 30 то 40 дарсад хонандаи матбуоти кишвар кам шудааст.

Иллати аз байн рафтани хонандаи матбуотро Қаршибоев ба таъсири буҳрони молӣ, мушкили паҳн кардани нашрияҳо, камранг будани бозори реклама дар Тоҷикистон ва ғайра марбут донист.
Қабл аз ин Созмони ҷамъиятии "Медиа консалтинг"бо нашри натоиҷи як назарсанҷӣ эълом кард, ки буҳрони молӣ ва худсонсурӣ ба бозори матбуоти таъсири манфӣ расонидааст ва теъдоди хонандаҳои матбуоти кишвар то 50 дарсад коҳиш ёфтаааст.

Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО ҳарсол як маротиба доир мешавад ва ҳар сол масъали интихоби раиси нав матраҳ мешавад.

Тафсилоти ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО баъдан нашр мешавад 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>