Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» тағйироту иловаҳо дароварданист. Пас аз баррасии лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур ва қабул шудани он аз харидорони сим-кортҳо ва телефонҳои мобилӣ аввал изи ангуштонашон гирифта мешавад.
Чӣ палатаи поёнии парлумонро ба иқдоми мазкур водор кардааст? Ҳадафи асосии дигаргунӣ дар қонуни мазкурро Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳмонии мубориза бо ҷинояткорӣ маънидод намудааст.
Раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода гуфтааст, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳо «бо назардошти вазъияти ҳозира ва мадад расондан ба мақомоти ҳифзи тартибот дар мубориза бо ҷинояткорӣ» омода карда мешавад.
Пас аз тасдиқи қонун ҳар як шаҳрванди ба синни 16 расида ҳангоми гирифтани шиноснома, ҳуқуқи ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият вазифадор мешавад, ки ҳатман изи ангуштонашро супурда, аз қайди дактилоскопӣ гузарад. Додани сим-кортҳо, асбобҳои алоқаи электронӣ ва, пеш аз ҳама, телефонҳои мобилӣ фақат ба шахсони аз қайди дактилоскопӣ гузашта мумкин мешавад.
- Шумораи сим-корту телефонҳо ба ҳар як нафар маҳдуд карда намешавад, - афзудааст Маҷидзода. – Мақсад аз ин навгонӣ расондани ёрӣ ба мақомоти зиддитеррористӣ ва шинохти ҷасадҳо мебошад......
Дар ин бора муфассал дар шумораи ояндаи «ТОҶИКИСТОН» мехонед