
Имрӯз, 4 ноябр Бонки миллӣ доир ба вазъи бозори асъор бо намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ брифинг баргузор кард
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон шаш омили болоравии қурби долларрро номбар кард. Ба гуфтаи ӯ, боло рафтани фоизи қарзҳо, вазъияти муносибати Туркия ва Сурия, буҳронӣ шудани муносибатҳои шарикони Тоҷикистон бо Русия, омилҳои равонӣ ва фуруши худсаронаи доллар аз ҷониби шахсони алоҳида омили асосии болоравии қурби долар ва беқурбшавии пули сомонӣ будааст.
Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, аз оғози сол то ба имрӯз қурби расмии сомонӣ 5, 30 о7 то 6, 76 37 сомонӣ барои як доллар коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин таъкид кард, ки дар ноҳияи Ёвон се нақтаи мубодилаи асъорро бастаанд, ки ба харидуфушури худсаронаи доллар машғул будаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар як ҳафтаи охир қурби доллар ба дараҷаи рекордӣ боло рафта, пули миллии сомонӣ бе коҳиҳ пайдо кард.
Тафсилот баъдтар нашр мешававад