
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чанд нафарро дар Суғд, Ҳисор ва Душанбе боздошт кардаанд, ки ба қаллобӣ машғул будаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохила ба мақомоти пулис ҷавони 19-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, мегӯяд, Абдулло ном шахс бо роҳи фиреб аз ӯ 133 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, барнагардонидааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ марди 32-солаи сокини ноҳияи Зафаробод дастгир карда шуд”.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷандро боздошт мекунанд, ки моҳи августи соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварии ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, аз онҳо 100 ҳазор доллари амрикоӣ мегирад ва бозпас намедиҳад. Манбаъ афзуд: “Инчунин муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Исфара моҳи августи соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 750 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст”.
Аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки чанд сокини Душанбе ба ин ниҳод шикоят намудаанд, ки “Бахтиёр” ном шахс ба бовариашон даромада ба роҳи фиреб маблағҳои онҳоро гирифтаву бозпас надодааст: “Муайян карда шуд, ки ин қаллоб, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҳисор буда, дар давоми соли ҷорӣ аз соҳибкор, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 200 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулоти сохтмонӣ гирифта ва аз як нафари дигари пойтахт 9 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.