Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Бозингарони дастаи "Истиқлол"дар қатори беҳтаринҳои мавсими футбол-2015

$
0
0

Имрӯз, баъди нисфирӯзӣ дар меҳмонхонаи "Ҳайятт Ридженси"-и Душанбе маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳо ба беҳтарин футболбозони мавсими футболи 2015 баргузор мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон  иттило медиҳад, ки номгӯйи ҳамаи  довталабон ба мукофот ва ҷоизаҳои мавсими футболи имсол муайян шудааст.  Барои номинатсияи «Футболбози беҳтарини соли 2015» аъзои дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон,  Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов ва Хуршед Махмудов пешбарӣ шудаанд.  Манучеҳр Ҷалилов, ки  муаллифи 22 гол эътироф шудааст, дар номинатсияи «Нишонзани беҳтарин» ягона аст. Ба номинатсияи«Легионери беҳтарини  чемпионати Тоҷикистон» дарвозабонҳ  «Истиқлол» Никола Стошич , ҳамлагари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Ҳусейни Суҳробӣ ва узви «Истиқлол» Петро Ковалчук пешниҳод шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти аксари номинатсияҳои мавсими имсола футболбозони «Истиқлол»-и Душанберо пешбарӣ намудааст.

Addthis: 
Автор: 
Эмоми Назариён

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>