
Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон аз истифодаи симкортҳои Тоҷикистон аз ҷониби Толибони Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
Умаров гуфт, ки сабабгори чунин бесарусомонӣ фурӯхта шудани симкортҳои ширкатҳои хориҷии тоҷикистонӣ бе шиноснома ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, пас аз таҳлилҳои амиқ онҳо чунин иттилоотро ба даст овардаанд ва ҳоло хостори муҷозоти маъмурӣ ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ аз болои ширкатҳои мобилӣ, ба мисли Tcell, MLT, Babilon, Beeline, Next, TK-mobail мебошанд.
Ба ақидаи Умаров, чунин аҳвол ба авзои амниятии кишвар албатта бе таъсири манфӣ нахоҳад буд. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтанд, нафароне, ки симкортро гирифтаанд, бояд бе чуну чаро онро бо шиноснома ба қайд гиранд. Дар сурати баръакс, чунин нафарон пас аз огоҳии 2-бора маротибаи саввум ҳатман ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати ширкатҳое, ки ин амалашонро такрор мекунанд, парвандаи ҷиноятӣ кушода мешавад.
Зимнан, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои 7 миллион аҳолӣ, ки фаъолона аз симкортҳои телефон истифода мекунанд, то 1 сол мӯҳлат медиҳад, ки дубора сабти ном гарданд. Дар ҳолати баръакс, хизматрасонӣ ба онҳо бе пурсуҷӯ қатъ мешавад.