Бозгул Додхудоева, муовини пешини сарвазири Тоҷикистон ба ҳафтаномаи Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки Тоҷикистон Афғонистон шавад ва ӯ барои унвони Пешвои миллат лоиқтарини лоиқҳо мебошад.
Ӯ гуфт: "Сарвари давлати мо ба ҳама унвон арзанда аст. Ман барои инсондӯстии ӯ, барои сулҳу салоҳе, ки дар кишвар ҷорӣ намуд, барои ободкориҳояш, барои он ки нагузошт то Тоҷикистон мисли Афғонистон шавад, барои он ки обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло барад ва барои ҳамаи корҳои некаш дар дохили Тоҷикистон ӯро ба унвони Пешвои миллат лоиқтарини лоиқҳо медонам".
Ба бовари ӯ "Ман фикр мекунам, аз он рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон дар давраи муҳимтарин барои раиси Шӯрои Олии ҶТ шудан (дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ) розигӣ доданд, аз ҳамон рӯз Пешвои миллати тоҷик мебошад. Он рӯзҳо на ҳар шахс вазифа гирифтан мехост, на ҳар шаҳрванд ҷавобгариро ба гардан гирифта метавонист. Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами Тоҷикистон қасам ёд кард, ки сулҳу амониро дар Тоҷикистон пойдор мекунад, гурезагонро ба Ватан бармегардонад, ба халқ софдилона хизмат мекунад. Ман шахсан шоҳиди зиндаи онам ки Эмомалӣ Раҳмон ин ваъдаҳои додагиро мардонавор иҷро кард".
Ёдовар мешавем, ки Бозгул Додхудоева ба ҳайси муовини сарвазири Тоҷикистон як муддат дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, перезиденти Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.