
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 68 хатмкардаи ин ниҳодро ба додгоҳ кашиданист.
Далели ин тасмим ба ҷои кор ҳозир нашудани ин афрод гуфта мешавад. Як масъули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба “Озодӣ” гуфта, ин донишҷӯён аз 10 факултаи муассисаи таълимианд, ки тобистони гузашта донишгоҳро хатм кардаанд: “Ҳоло мо ариза омода карда истодаем, аз болои 68 донишҷӯе, ки хатм карда, ба ҷои кор ҳозир нашуданд. Мо аз болояшон ба додгоҳ шикоят мебарем”.
Ин масъули донишгоҳ таъкид кардааст, пуле, ки аз сӯи давлат барои ин донишҷӯён сарф шудааст, додгоҳ онро бармегардонад.
Бар пояи қарори ҳукумат, донишгоҳ ҳақ дорад, бо роҳи ба додгоҳ кашондани донишҷӯе, ки баъди хатми донишгоҳ ба ҷои кор ҳозир намешавад, маблағи барои таҳсили ӯ масрафшударо рӯянад.