
Дирӯз як дӯсти солҳои донишҷӯиам дар шаҳри Маскав, ки ҳоло шахси соҳибмансаб аст, бароям телефон карда гуфт:
- Ту замоне лоф мезадӣ, ки дар Тоҷикистон коне ҳаст, ки сокинони тамоми кураи заминро 500 сол бо намак таъмин мекунад. Имрӯз имкон фароҳам омадааст, ки Тоҷикистон тамоми Русияро бо намак таъмин намояд.
- Бале, чунин аст,- гуфтам дар ҷавоб.
Лаҳзае хомӯшӣ ихтиёр намудам. Мақсади ӯро фаҳмида будам. Дирӯз Русия дар қатори дигар намуди маҳсулот аз Туркия ворид намудани намакро низ ба кишвараш манъ кард. Қаблан, то Туркия, намак ба Русия аз Украина ворид карда мешуд. Вале ихтилофҳои шадиди миёни ин ду кишвар Украинаро аз ин имконот маҳрум сохт.
Бозори тиҷорат чун фазои иттилоотӣ ҳаргиз холӣ намемонад. Дар он мавқеъ пайдо кардан марбут ба суръати тасмимгирӣ ва воридшавӣ мебошад. Шояд аллакай раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода намояндагони худро барои бастани шартнома ҷиҳати фурӯши намаки конҳои Хоҷа Сартез ва Хоҷа Мумин ба Русия сафарбар карда бошад. Шояд Вазорати кишоварзӣ ҳам, ки тӯли чанд соли охир ифтихор бо омори рӯи коѓаз дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дорад, бо дидани рӯйхати меваҷоту сабзавоти мавриди тақозои Русия дар такопӯ афтад.
Имрӯз барои Тоҷикистон бузургтарин имконият фароҳам омадааст, ки соҳиби бозори бузург шавад. Имкон дорад, бастани қарордод миёни сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳукумат ва вилоятҳои Русия роҳи пайдо кардани мавқеъ дар ин бозор бошад? Роҳҳо барои расидан ба қулла зиёданд. Аммо кадрҳо-мутахассисоне лозим ҳастанд, ки роҳи осон ва дурусти расидан ба ин ҳадафро пайдо кунанд. Шояд вақти аз сухану ҳисоботҳои рӯи коғаз ба амалу воқеият гузаштани масъулин фаро расида бошад?
Муфассал дар ҳафтаномаи "ТОҶИКИСТОН"