Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Таҷлил аз рӯзи Парчам бо ширкати Раҳимӣ дар академия

$
0
0

23 - уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Академияи илмҳо, директорони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, муовинони директорон, котибони илмӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, магистрони АИ ҶТ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24 – уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамаи ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, зикр кард ки Парчами миллӣ гувоҳ аз соҳибистиқлолии мамлакатамон маҳсуб меёбад. Парчами миллӣ муқаддасоти давлатдорӣ, нангу номус, нишони ифтихор аз Ватан ва содиқ будан ба сарзамину истиқлолияти худ аст. Барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузорад.

Сипас, докторони илмҳои ҳуқуқ Имонқул Буриев таҳти унвони “Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон” ва Акмал Неъматов дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили минбаъдаи он”, инчунин номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров дар мавзӯи “Аз таърихи парчамдории тоҷикон” назди ҳозирин баромад карда, оид ба таърихи парчамдории тоҷикон ҳамчун рамзи давлатӣ, аҳамият ва моҳияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба тарзҳои истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар анҷоми ҷамъомад нотиқон иброз доштанд, ки имрӯз воқеан мардуми мо ба муқаддасоти миллии худ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду эҳтироми хоса доранд ва ба он арҷ мегузоранд.

12283041_451957648347448_766772237_n_1_0.jpg

12270325_451957965014083_1517882965_n_0.jpg

12277067_451958095014070_1238798058_n_0.jpg

12282987_451957861680760_1831445886_n_0_0.jpg

 

Addthis: 
Автор: 
Шервони Умриддин

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>