
Қурби доллар 1 доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷистон аз 7 сомонӣ ҳам убур кардааст.
Айни замон саррофон 100 доллари амрикоиро 695-700 сомонӣ харида, бо арзиши аз ин баландтар мефурӯшанд. Ин дар ҳолест, ки дар таблоҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор рақамҳои 6,72-6,74 сомонӣ (қурби хариду фурӯши доллар) дарҷ шудааст.
Дар ҳамин ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии 1 доллари ИМА-ро дар сатҳи 6,67 сомонӣ муқаррар кардааст.
Моҳи октябри соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон тартиби нави муқаррар кардани қурби хариду фурӯши доллари нақд дар бозори дохилиро роҳандозӣ намуд. То ин замон қурби нақдии доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар карда мешуд.
Дар шарҳи интишоршуда дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд шуда буд, ки аз ҷониби БМТ Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъӣ аз ноустувории бозор ва қурби асъор суистифода карда, бо мақсади ҳарчӣ зиёдтар ба даст овардани фоида, беасос қурби фурӯши доллари нақди ИМА-ро баланд мебардоштанд.
«Айни замон, вазъи бозори дохилӣ устувор буда, тағйирёбии қурб муътадил арзёбӣ мешавад. Гузариш ба тартиби нави муқаррарсозии қурб тадриҷан сурат гирифта, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА, бояд қурби хариду фурӯши нақдии онро мустақилона барои муассисаҳои худ муайян намоянд. Вобаста бар ин, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд мустақилона қурби фурӯши доллари нақди ИМА-ро аз қурби расмӣ то ба андозаи 1,5 (якуним) фоиз муқаррар кунанд», - баён гардида буд дар маълумоти БМТ.
Дар ҳамин маврид
… тибқи иттилои Агентии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нуҳ моҳаи аввали соли ҷорӣ 20 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тарки пеша карда, патент ё шаҳодатномаи соҳибкориашонро бекор намудаанд.
Соҳибкорон дар суҳбат бо расонаҳо якчанд омил, аз ҷумла болоравии арзиши доллар нисбат ба сомонӣ, афзудани фоизи қарзҳои бонкӣ ва зиёд шудан сарбории андоз онҳоро ба тарки соҳибкорӣ водор кардааст. Бино ба маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар беш аз 155 000 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Қисме аз ин афрод бо воситаи шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва пантент кор мекунанд ва боқимондашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониянд.