Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Талаби Тоҷикистон аз ВАО хориҷӣ: дар бораи ҲНИТ мавод нашр накунед

$
0
0

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо нашри варақаи иттилоотӣ аз расонаҳои хориҷӣ талаб кардааст, ки аз пахш ва нашр намудани хабар, видио,вебсайтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҲНИТ худдорӣ кунанд.

Дар ин варақа, ки аз ҷониби Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва таҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад, раёсат аз намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, талаб менамояд аз воридот, пахш ва бознашр намудани маводҳои аудио ва вебсайтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҲНИТ даст бикашанд. Дар ин варақаи иттилоотӣ қайд шудааст, ки мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил ё дастгири намудани гуруҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, иҷтимоӣ ва динро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад. Дар ин муроҷиатномаи Вазорати умури хориҷӣ ҳамчунин таъкид шудааст, ки “Далелҳо тасдиқ намуданд, ки мақсади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани дахлнопазирӣ, тамомияти марзӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита Суди Олии Тоҷикистон 29 сентябри соли ҷорӣ қарор оид ба эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ-экстремистӣ, боздоштани фаъолияти он ва барҳам додани онро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, қабул кард”. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки тибқи қарор Суди Олии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби экстремистию-террористӣ эълон шудааст.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>