
як адвокати узви Коллегияи адвокатҳои "Сипар"аз суйи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани 10 ҳазор доллар пора дастгир шудааст.
Дилбар Додоҷонва, адвокати Келлегияи адвокатҳои "Сипар"дар натиҷаи гузарондани корҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар кучаи Зафари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани 5800 доллар ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд "М"дар ҷои ҳодиса дастгир шудааст. Эркин Назаров, сухангӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 2 ноябр гуфт, дар ҳоли ҳозир Оҷонсии зидди корупсия нисбат ба Дадоҷонова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»- Кодекси ҷиноӣ (тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ ва, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда тафтишот идома дорад.