Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Раисии ҷаласаи ИДМ- ро дар соли 2016 Қирғизистон гирифт

$
0
0

Ҳамоиши имрӯзаи сарони ИДМ барои ҳамаи давлатҳо пурсамар анҷом ёфта, Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо  имзо кард.

Дар ин бора Сергей Лебедев, раиси кумитаи иҷроия-дабири иҷроияи ИДМ зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ гуфт.

Бино ба гуфтаи С. Лебедев, дар ҷаласа 40 ҳуҷҷат ба имзо расонида шудааст. Казоқистон раисиро бо муваффақият ба анҷом расонида, сарони давлатҳо ба хулоса омаданд, ки соли оянда, яъне 2016  раисиро ба уҳдаи Кирғизистон гузоранд. 
Дар ҳамин маврид  иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Қирғизистон Темир Сариев зимни сухангӯӣ дар  мулоқоти сарони ИДМ  30  октябр дар шаҳри Душанбе  гуфт:

«Қирғизистон доим хостори  таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд ва хоҳад монд.  Мо  тарафдори  рушди муносибатҳои дӯстона байни кишварҳои узви ИДМ мебошем».  

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>