
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наҷот додани як зане, ки мехост даст ба худкушӣ занад, хабар додааст.
Тавре вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, ки санаи 23-юми октябри соли равон, тахминан соати 10:40-дақиқа, ҷавонзани 38-сола Нурматова Зарина, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, бо мақсади худкушӣ худро дар рӯ ба рӯи бинои шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст.
Фирӯз Раҳматов милитсионери ротаи хадамоти посбонӣ-пайраҳадории милитсияи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, Заринаро аз дами марг наҷот медиҳад.
Давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ин сеюмин ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ мебошад, ки аз тарафи кормандони милитсия пешгирӣ карда мешавад.
Addthis: