
Дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент дар натиҷаи муноқишаи лафзии байни ҳамдеҳагон як тан аз эшон бо корди қассобӣ сари ҳамдеҳаашро буридааст.
Қаблан ӯ бо корд чанд зарба ба бадани мақтул зада, минбаъд сари ӯро аз ташаш ҷудо мекунад. Тибқи шаҳодати шоҳидон, ин нафари кушташуда Мутеъулло ном дошта, тақрибан 45 сола аст ва дар ҳамин деҳа зиёда аз 15 сол аст, ки ба гӯштфурӯшӣ машғул будааст. Ин ҳодисаи рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда рух додааст. Ҳоло нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, гунаҳгор дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Addthis: