
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро ҳамчун гумонбар дар ҷиноятӣ роҳзанӣ дастгир карданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда санаи 11.10.с.2015 тахминан соати 06:30-дақиқа дар назди бинои истиқоматии кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе, марди 39-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо хишт 2-маротиба ба ақиби сараш зада, аз дасташ 22000 рубли Федератсияи Россия ва 100 доллари амрикоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.
Addthis: