Суди ноҳияи Исмоили СомонӣАкмал Охоновро барои миёнаравӣва гирифтани маблағи довталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 8 сол маҳкум ба зиндонкард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, Акмал Охонов, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе тобистони соли равон ба волидайни довталаб Шоҳҷаҳон Самандаров, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ваъда мекунад, ки ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фарзандашонро дохил мекунад, аз онҳо 5 ҳазор доллари ИМА мегирад. Пас аз муддате, боз бо баҳонаи барои аз гурӯҳи шартномавӣ ба буҷавӣ гузаронидан 10 ҳазору 500 сомонӣ хост. Аммо ӯ ба ин довталаб ягон кӯмак нарасонидааст.
Суд Акмал Охоновро тибқи моддаи 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро 8 сол аз озодӣ маҳрум намудааст.