
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ҳар рӯзи шанбе, соати 6:30, дар назди Театри опера ва балетаи ба номи С.Айнӣ ва майдони назди Сирки давлатӣ машқҳои пагоҳирӯзиро доир менамояд.
Нахустин машқи пагоҳирӯзӣ санаи 10 октябри соли 2015 аз ҷониби ду варзишагари муваффақ ва номдори кишвар, дорандагони нишонҳои биринҷии Бозиҳои XVII Осиё дар Инчхони Кореяи ҷанубӣ – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов иҷро карда шуданд.
Ҳамаи дӯстдорону хоҳшмандон бо либосҳои варзишӣ ба машқи пагоҳирузӣ даъват карда мешаванд.
Иштирок дар машқҳои пагоҳирӯзӣ озод ва ройгон аст.
Дар шаҳри Қайроққум санаҳои 22-25 октябри соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои футболи занона ҷараён дорад. Тибқи қуръапартоӣ дар мусобиқа 8 даста иштирок дошта, дар ду гурӯҳ барои ҷойҳои ифтихорӣ маҳорат месанҷанд.
Ба гурӯҳи «А» дастаҳои футболи занонаи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷиликӯл, ба гурӯҳи «В» дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Норак, Турсунзода ва ноҳияи Зафаробод қуръапартоӣ шудаанд. Вохӯриҳо дар марҳилаи пешакии гурӯҳҳо аз рӯйи системаи даврӣ мегузаранд. Ғолибони гурӯҳҳо дар марҳилаи ниҳоӣ ва дастаҳои ҷойҳои дуюмро ишғолнамуда барои мақоми сеюм мубориза мебаранд. Мувофиқи низомномаи мусобиқа ҳар як бозӣ 60 дақиқа идома меёбад.