
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки чанд моҳи охир таҳти тамрину машқҳои сармураббии маъруф Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар мусобиқаи лигаи якуми кишвар дар майдоҳунарнамоӣ мекунад, боз шаҳди пирӯзӣ чашид.
Футболбозони даста ин дафъа вохӯрии хонагии худро дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо дастаи «Чашма»-и Шаҳритуз доир намуда, ба дарвозаи он 5 голи беҷавоб заданд. Фархориҳо, ки бо 41 хол дар садри ҷадвал қарор гирифтаанд, назар ба дастаи ҷойи дуюм - «Ҳулбук»-и Восеъ як вохӯрӣ камтар гузарондаанд.
Дар ин муваффақияти фархориҳо «Ҳулбук» низ «саҳмгузор» ҳастанд. Футболбозони Восеъ дар сафар тими «Канд»-и Конибодомро мағлуб карда натавониста, бо мусовии 1:1 қаноат карданд ва бо 39 хол зинаи дуюмро ихтиёр намудаанд.
Инчунин, вохӯрии байни «Локомотив»-и Душанбе ва «Зарафшон»-и Панҷакент 2:2 мусовӣ шуд. «Саройкамар»-и Панҷ «Помир» -и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, бо 38 хол сеюмин мебошад.