Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Порагирии марди 43-сола аз ҷавони 33-сола

$
0
0

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Зафаробод ва Прокуратураи ноҳия корманди корхонаи фаръӣ-давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияи Зафаробод, марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия, ҳангоми гирифтани пора дастгир гардид.Дастгиршуда, рӯзи 17.09.с.2015, тахминан соати 10.00-дақиқа, барои тайёр карда додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин аз марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур 1000-сомонӣ талаб карда, гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>