
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони даст задан ба ҷинояти куштор дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, шаби 16 ба 17-уми сентябри соли 2015, тахминан соати 00:20-дақиқа, вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин гумонбаршуда кирдорҳои ҷинояткоронаашро идома дода, бо корд ду маротиба ба аъзои бадани писари 13-солаи ноболиғи зани кушташуда мезанад. Дар натиҷа писарбачаи ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.