Хусрав Нозирӣ - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср намояндаи Тоҷикистон дар назди Ҷомеаи давлатҳои арабӣпазируфта шуд.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Миср 13-уми сентябр Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷомеаи давлатҳои арабӣ дар иҷлоси навбатии 144-уми худ қарор қабул намуд, ки бо аккредитатсияи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира ба сифати Намояндаи доимии кишвари мо дар назди Ҷомеаи давлатҳои арабӣ изҳори мувофиқат кунад.
Ба иттилои манбаъ, қарори мазкур дар асоси паёми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба унвони Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ аз 2-юми апрели соли 2015 ба тасвиб расидааст.
Ҷомеаи давлатҳои арабӣ эълом кардааст, ин иқдом дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои ин созмон бо кишварҳои дӯст гирифта шудааст.