Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

“Истиқлол” бозиро бой доду...ба нимфинал баромад

$
0
0

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми АФК-2015 аз тими “Паҳанг” бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуд. 

Ин дидор чоршанбеи 16 сентябар дар Куантани Малайзия сурат гирифт. Голи ягонаи дастаи “Истиқлол”-ро Хуршед Маҳмудов зад. Аммо новобаста аз ин шикаст “Истиқлол” ба даври ниманиҳойӣ роҳхат гирифт, чун суммаи ду бозӣ 5:3 ба нафъи футболбозони тоҷик аст. Дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми АФК, ки 26 август дар Тоҷикистон гузашт, “Истиқлол” “Паҳанг”-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дода буд. 

Дар даври ниманиҳойӣ “Истиқлол” бо тими “Кувейт” вориди рақобат мешавад.

“Истиқлол” таҳти роҳбарии сармураббӣ -- Мубин Эргашев дар ҳайати 16 бозигар ба Малайзия рафта буд. Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Туйчиев; Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов, Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев; Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838