Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Муовинони раиси ҲНИТ боздошт шуданд

$
0
0

Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ҳангоми парвоз ба шаҳри Алмаато боздошт шуд.

Саидумар Ҳусайнӣ муддати як ҳафта бояд ба Алмаато мерафтааства бо худ билети рафтуомад ба ҳарду тарафро доштааст.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Воҳидхон Қосиддинов, узви Шӯрои сиёсии ҳизб низ боздошт шудааст. Ӯ бо зани қирғизаш ният доштааст, ки аз Исфара ба Ботканд ба дидори хешовандонаш равад. Тамоми ҳуҷҷатҳои В.Қосиддинов гирифта шудаанд.

Ба Раҳматуллои Раҷаб, роҳбари бахши ҳизб дар ноҳияҳои тобеи марказ низ чанд рӯз қабл ба парвоз ба шаҳри Екатеринбурги Русия, ки ба он ҷо ӯ ба муҳоҷират рафтанӣ буд, иҷоза нашудааст..

Дирӯз бегоҳи муовини дигари Кабирӣ Маҳмадалии Ҳайит низ аз хонааш бозошт шуда. Дар мавриди эълони айб нисбати онҳо ҳанӯз иттилоъе ба даст нест.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>