Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҳафт узви раёсати ҲНИТ боздошт шуд

$
0
0

Ба гуфти расонаҳо, дирӯз ҳафт аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) боздошт шудаанд. 

Манобеъ аз боздошти Зарафо Раҳмонӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат, Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалии Ҳайит ва Раҳматуллои Раҷаб хабар медиҳанд. 

Як манбаъ гуфтааст, ки  баъди боздошти Абдуқаҳҳори Давлат се нафар ба манзили ӯ омада,“хонаро тагу рӯ кардаанд ва ду нотбук, принтер ва компютеру чанде аз китобҳояшро бо худ бурдаанд”.

"Тоҷнюз"мегӯяд, ки Зарафо Раҳмониро шоми 16 сентябр мақомоти амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастгир кардаанд. “Азия Плюс” гуфт, ки кормандони амният шоми дирӯз ба манзили Маҳмадалӣ Ҳайит омада, ӯро бо худ бурдаанд. 

Пеш аз зуҳри 16 сентябр Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд. Аз раёсати ҲНИТ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Ҳусайнӣ бояд пеш аз зуҳри имрӯз ба самти Алмаато парвоз мекард: “Тибқи иттилое, ки мо аз манбаҳоямон гирифтем, Ҳусайниро маъмурини амният аз ҳавопаймо фаровардаанд ва феълан ӯ дар мақомоти амният қарор дорад. Иттилои бештарро дар мавриди омилҳои боздошти Ҳусайнӣ метавонед, аз мақомот пурсед, ки мо ҳеч иттилое дар ин бора надорем”. 

Ин боздоштҳо дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар хориҷ қарор дошта, Раёсати олии ҳизб ба ӯ тавсия дода буд, ҳоло ба Ватан барнагардад. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles