Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Бобуна давои дарди дандон, нимсара ва рӯдаи ғафс

$
0
0

Бобуна гули худрӯйи баҳорӣ буда, онро бештар бо номи “ромашка” мешиносанд. Барг ва гули онро аз замонҳои  қадим дар тиб ҳамчун растании беҳтарини доруворӣ истифода мебаранд. Бояд қайд намоям, ки таъми ин гул тунд буда, онро бештар бо решаи гули хайрӣ, баргҳои пӯдина ва бӯймодарон, алафи явшон ва решаҳои нардсунбул (“Валериана”) истифода мебаранд. Дар таркиби бобуна равғани эфир ва азулен мавҷуд аст, ки он таъсири хубе бар зидди аллергия дорад. Бобуна воситаи зидди бемории дарди гулӯ, шамолкашӣ, ланҷӣ буда, инчунин, воситаи бодрон, тамизкунанда (дезинфексионӣ) маҳсуб меёбад.

Дар ним литр оби ҷӯшомада ду қошуқ гули бобунаро омехта карда, онро ҳангоми маризиҳои илтиҳоби меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), асаб, дарди асабҳои нисфи сар (мигрень), бехобӣ, дарди дандон, шамолкашии ҷигар, дамиши шикам, инчунин, ҳангоми сахт кашидани мушакҳо ва ҷамъ шудани дасту пойҳо истеъмоли онро тавсия медиҳанд. Миқдори нӯшидани он тӯли рӯз се маротиба як истаконро пеш аз хӯрок тавсия мекунанд.

 Ба беморони гирифтори шукуфаи кӯдакон, ниқрис (подагра), тарбод (ревматизм) ваннаи бобуна тавсия дода мешавад. Яъне, ба як сатил оби ҷӯшида 50-200 грам бобуна илова карда, 15-20 дақиқа дар он нигоҳ доштан айни муддаост. Барои осуда хоб карданатон, нӯшидани чойи аз бобуна тайёршударо низ тавсия медиҳанд.

 10 дона гули бобунаро дар 200 мл об, давоми 15 дақиқа ҷӯшонида, як соат нигоҳ доред. Дар маҳлули тайёршуда  200 мл оби ҷӯшомада илова намоед. Мушкилот дар ҳазми хӯрок, хастагии ҷисмонӣ, эҳсоси шамолхӯрӣ шуморо азият медиҳад, метавонед, ки аз нӯшобаи бобуна истифода намоед. Ба ғайр аз ин,  нафароне, ки дар худ зарари қаҳва ва тамокуро ҳис кардаанд, онҳо низ аз ин нӯшоба истифода намудан муфид аст. Он гирифторони дарди даҳон, бемориҳои (стоматит), парандантоз, дарди гулӯ (ангина) даҳон ва гулӯро шифо мебахшад. 

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>