
Дар 6 моҳи аввали соли 2015 ҳудуди $ 696 миллион ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 58,3 % камтар мебошад.
Дар ин бора Бонки марказии Русия иттилоъ додааст. Ба ҳисоби Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввал на танҳо интиқоли пул ба Тоҷикистон, балки ба Қирғизистон ҳам 40 % ва Ӯзбакистон мутаносибан 55 дарсад коҳиш ёфтааст.
Бонки давлатӣ “Амонатбонк” ҳам дар нимсолаи аввал эълон карда буд, ки дар 6 моҳи соли равон ба воситаи ин бонк 173 миллиону 788 ҳазор доллар маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,7% камтар мебошад.
Addthis: