
Ҳоҷӣ Ҳалим чӣ тавр генерал Назарзода шуду куфри неъмат кард
...Садои шиллики тир субҳи ороми Душанберо халалдор кард. Мардуми саҳархез ҳайрон буданд, ки ин садои воҳимаангез аз куҷост ва кӣ барои чӣ мепарронад? Баъдтар маълум шуд, ки ин тирҳо ба синаи оромию суботи кишвару сокинони он зада шуда будааст...
“Ҳоҷӣ Ҳалим” ,”генерал Назарзода” , мегуфтанд дар мавриди он, ки кӣ чор корманди ҳифзи ҳуқуқи Душанбе ва чор тан аз милисаҳои Ваҳдатро ба қатл расонд. “Ин генерал кист, ки боз ба тоҷиккушӣ сар кардааст?” ба ҳамдигар савол мекарданд, шаҳрвандони одӣ...
Аз коргар то мудири анбор
...Ҳолномаи Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳазорон ҳамсолонаш дар давраи Шӯравӣ монанд буд. Ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба дунё омада, дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ба камол расидааст. То замони ҷанги шаҳрвандӣ коргар ва баъдтар мудири анбори “Межоблагропром” буд. Аммо ӯ “қаҳрамон”-и даврони ҷанги шаҳрвандӣ аст. Чӣ тавре, ки ҳолдонҳо гуфтаанд, замоне, ки дар маркази Душанбе ду майдон рӯ ба рӯ меистоданд, Ҳоҷӣ Ҳалим (он замон Абдуҳалим Назаров) як гурӯҳ ҷавононро дар назди маҳаллаи Садбарги имрӯза ҷамъ оварда, даъват ба амал оварда будааст, ки майдонҳои шаҳрро аз митингчиён холӣ кунанд. Вале баъдтар худаш ва ҳамроҳонаш ба Майдони Шаҳидон шомил мешавад. Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ба зудӣ ба ҳайси қумандони мухолифин эътироф гардида, дар ҷангҳои пойтахт ширкат менамояд. Баъд аз ғалабаи Ҳукумати конститутсионӣ мисли дигар ҳаммаслаконаш ба Афғонистон фирор накарда, ба Қазоқистон меравад ва дар он ҷо аз паи тиҷорати муваффақона мешавад.
Қадами аввал ба сӯйи погонҳои генералӣ
Соли 1997 вақте ки муоҳидаи сулҳи байни тоҷикон баста шуд ва дар шаҳри Душанбе бинои меҳмонхонаи Вахш ба ихтиёри ИНОТ (Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони Тоҷикистон) супорида шуду сардорони он баргаштанд, Ҳалими аллакай дар ин муддат соҳиби дороишуда ба Ватан, баргашт. Тавре ки мегӯянд, ӯро қатори мошинҳо “ҷипи” хориҷӣ ҳамроҳӣ мекард. Абдуҳалим Назаров аз ин қатор 10 мошинро ба ИНОТ дод ва тавре ки мухолифин мегуфтанд, бо ҳамин дили роҳбарони онро ба даст оварда, соҳиби рутбаи полковникӣ ва қумандони баталони 25 (баъдтар қисми ҳарбии 31001) гардид, ки аз ин қумандонҳои ҷангидаи мухолифин изҳори норозигӣ намуда буданд. Аммо онҳое, ки Ҳоҷӣ Ҳалимро мешинохтанд, мегӯянд, ки ӯ санъати баланди забонёбӣ ва ба тарафи худ майлкунонидани ҳарифони худро дошт. Ин аст, ки норозигии онҳо танҳо норозигӣ боқӣ монду халос. Минбаъд Ҳоҷӣ Ҳалим (аллакай ӯ ҳоҷӣ шуда буд) дар Вазорати мудофиа вазифаҳои гуногунро адо намуд ва дар ин давра Академияи ҳарбии назди Штаби Генералии Артиши Русияро хатм намуда, ҳамзамон соҳиби дипломи Донишгоҳи миллӣ мешавад.
Чаро генерал хиёнат кард?
Дар ин бора ҳар кас ҳар хел тахмин мезанад. Худаш гӯё дар саҳифаи интернетиаш гуфтааст, ки ӯро ҳабс карданӣ буданд, барои ҳамин яроқ гирифтааст. Магар муовини Вазири мудофиаро ҳабс мекунанд? Барои кадом гуноҳаш? Шояд ӯ аз фош гардидани ягон ҷинояти вазнинаш метарсид, ки ба ин амал даст зад? Ин версияи пешниҳоднамудаи генерал ва ё ягон ҷонибдораш дар фейсбук хеле шубҳанок менамояд ва инро як шаҳрванди одӣ бо номи Саидмурод Очилов бисёр содда шарҳ дод : “намедонад, ки барои сафед кардани худаш чӣ гӯяд. ”Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки шояд ӯро ягон хоҷаи беруна харид ва барои ноором кардани кишвар истифода мебарад? Ин тахминро аз мадди назар дур кардан лозим нест, зеро, касе, ки пулро аз ҳад зиёд дӯст медорад, зуд фурӯхта мешавад. Бесабаб нест, ки расонаҳо дар мавриди ҳар моҳ аз ҳисоби Ҳоҷӣ Ҳалим ба тарафдоронаш додани саддолларӣ мукофотпулиро аз ҷониби хазинадори генерал Ҳоҷӣ Сироҷ хабарҳо ба нашр расониданд. Тахмини асосӣ ба назари мо ин аст, ки генерал мехост мардумро ба муқобили давлат шӯронад ва худро лидери миллат эълон намуда, мамлакатро боз ба хоку хун кашонад. Аммо тираш хок хӯрд ва тоҷике, ки то ҳол алами ҷанги шаҳрвандиро мекашад, ҳаргиз дубора ба ин чоҳ намеафтад ва аз ҳама чиз болотару волотар сулҳу оромиро мехоҳад. Ғайр аз ин, барои он ки мардум аз паси чунин балвогарон раванд, асосу сабаби ҷиддӣ лозим аст, ки ҳаргиз онро на генерал ва на пайравони ӯ дар кишвар пайдо нахоҳанд кард.
Генерал “Қорун” ?
Аммо як ҳамсуҳбати мо версияи аз ҳама аҷибе гуфт: “Ӯ аз молу маноли дунё сер шудааст ва дилаш бозӣ мехоҳад”. Воқеан ҳам Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби дороии зиёд будааст. Ӯ дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе соҳиби корхонаи нонпазӣ буда, ба гуфтаи мақомот онро ғайриқонунӣ аз худ карда будааст. Назарзода дар дохили ин корхона як хонаи сеошёна низ пӯшида будааст. Дар Варзоб се истироҳатгоҳи бузург бо номи "Зафар"дорад. Бинои Донишкадаи геодозии Академияи илмҳоро дар маҳаллаи Қаротегин низ аз худ карда, баъд аз таъмир онро ба хонаи истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст. Генерал молики як хоҷагии деҳқонии бо номи "Тобистон"низ будааст, ки заминҳояшро ба иҷора додаанд. Фабрикаи мурғпарварии "Тарз"низ ба Назарзода тааллуқ дошта, аммо чанде пеш ба маблағи 500 ҳазор доллар фурӯхта шудааст. Толори варзишии "Лидер"дар шафати кӯчаи Зебуннисо ва тарабхонаи "Зайтун"-у кафе-бари "Бахтиёр"-ро низ ба генерал Назарзода тааллуқ доштааст. Фермаи чорвои калону майда ва асппарварӣ дар Рашт, 5 хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва ошёнаи сеюми як бинои сеошёна дар хиёбони Рӯдакӣ-187-и шаҳри Душанбе низ аз дороиҳои генерали фирорӣ гуфта шуданд. Тавре ки мақомот мегӯянд, як мағозаи фурӯши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Варзоб аз они зани сеюми генерал будааст. Хулоса, Қоруни замон...
“Тағораи шикаста”-и генерал Назарзода
Инак, Ҳоҷӣ Ҳалим ё генерал Назарзода ба фарҷоми кори худ наздик мешавад. Ӯ ва пайравонашро дар Ромит ба ҳалқа гирифтаанд. Аллакай дар ин чанд рӯз қариб 60 нафар фиребхӯрдагони ӯ ба даст афтоданд. Наздики 20 нафарашон кушта шуданд (ба хотири чӣ?). Боқимондагон дар куҳу пушта саргардонанд ва дастгир шудан ва ё кушта шуданашон дер ё зуд амри воқеист. Барои ин танҳо вақт лозим. Аммо ҳарчи қадар амалиёт муқобили ӯ зиёдтар давом кунад, ҳамон қадар қурбонӣ бештар мешавад. Беҳтар мебуд, агар генерал худаш ба ҷони ҳамроҳонаш раҳм карда, ба ниҳодҳои қудратӣ таслим мешуд ва мегуфт, ки чаро ин қадар неъмати худодод-сулҳу оромӣ, молу манол, зиндагии серу пур ва ҳурмату эҳтиромро пушти по зада, ба ҷинояти нобахшиданӣ даст зад...
А.Ҳоҷӣ,“Тоҷикистон”,№36,2015