
Вазири корҳои дохилӣ дар суханронии худ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон аз ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода ёдовар шуд. Ӯ аз амалкарди генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода чун “хиёнат ба давлату миллат” ёдовар шуд.
Матни суханронии вазир дар сайти ВКД Тоҷикистон нашр шудааст.Дар изҳороти худ Раҳимзода гуфт, ҳуҷуми мусаллаҳонаи гуруҳи ҷинояткори Абдуҳалим Назаров, ки дар натиҷаи он 9 корманди милиса ҳалок ва 12 нафари дигар захмӣ гардиданд, “хиёнат ба давлату миллат, мардуми тараққихоҳи кишвар ва ватани ободу зебо мебошад”. Вазир, ки дар баробари кормандони вазорати умури дохила – яке аз ниҳодҳои калидии масъули амалиёти ҷустуҷӯи генерали фирорӣ, собиқ вазири дифои Тоҷикистон сӯҳбат мекард, вокуниши сареъ ва касбии зердастонашро дар ин ҳодисаҳо ситоиш кард.
Вай гуфт, “ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона кормандони милитсия ин ҳолати ногаҳониро зуд дарк намуда, сари вақт чораҳои зарурӣ андешиданд. Аз ҷумла, прапоршики милитсия Маҳмадов Фозилҷон аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона се нафарро безарар гардонид, ки ин корнамоии ӯ боиси ақибнишинӣ ва фирор кардани душманони миллат гардид”. Вазир гуфт, аз ҷониби кормандони мақомоти қудратии кишвар зиёда аз 15 нафар кушта ва тахминан 100 нафари дигар дастгир шуданд.
Вазири корҳои дохила масъулияти ин ҳамлаҳои охирро ба душманони дохилӣ вогузор кардааст, ки, ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд суботу оромӣ ва пешрафти кишварро халалдор созанд.