Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Нуралӣ Шоев: Муаллимони мо афсона намегӯянд

$
0
0

Нуралӣ Шоев, Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар гуфтугӯйи мустақими идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» иштирок карда, ба саволҳои зиёди хонандагон посух гуфт.

- Cалом алейкум. Ин ҷо гуфтугӯйи мустақими телефонии ҳафтаномаи «Тоҷикистон»?

-Бале.

-Ба ректор савол дорам.

-Марҳамат. Ман Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. Имрӯз ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ташриф овардаам, то ин ки  ба саволҳои шумо- хонандагони ҳафтанома бевосита посух гӯям. 

-Имрӯз дар Тоҷикистон мисли замбӯруғҳои баъди борон донишгоҳу донишкадаҳои олӣ зиёд шудаанд. Аммо  донишҷӯён баъди хатм бинобар набудани кори мувофиқ рӯ ба муҳоҷират- Русия мераванд. Оё бо боварии комил гуфта метавонед, ки донишҷӯёни Шумо баъд аз хатми донишгоҳ соҳиби кори мувофиқ дар дохили кишвар мешаванд?

-Барои ҳар як давлати ҷаҳон, аз  ҷумла, Тоҷикистон низ донишҷӯёне, ки соҳиби маълумот мегарданд,  нерӯи зеҳнии кишварро ташкил медиҳанд. Мо бояд дар асри 21 мафҳуми ба кор таъмин гардидани хатмкардагонро аз нигоҳи нав баҳо диҳем, чунки низоми қабули кормандон дар асоси озмуни озод баргузор мегардад. Бинобар ин, соҳиби диплом будан маънои ба ҷойи кор таъмин шуданро надорад. Довталабон бояд ба талаботи корфармоён ҷавобгӯ бошанд. Бе ягон шубҳа он хатмкардагоне, ки дорои донишу малакаи рақобатпазир мебошанд ва агар хоҳанд, мақсад гузоранд, ҳатман соҳиби ҷойи кор мегарданд. Барои расидан  ба ин мақсад, мо дар донишгоҳ Маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бозори озоди меҳнатро ташкил намуда, сомонаеро ҳам кушодем. Маъмурияти донишгоҳ, албатта мехоҳад, ки ҳамаи хатмкардагонаш соҳиби ҷойи кор шаванд ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.

Албатта, мо наметавонем гӯем, ки ҳамаи донишҷӯёни мо пас аз хатм соҳиби ҷойи кор мешаванд, вале муҳим он аст, ки дар ҳолати будани ҷойҳои корӣ, махсусан дар корхонаҳо худи хатмкардагон таваҷҷуҳ наменамоянд.         

-Имрӯз дунё дар соҳаи технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Мехостам донам, ки дар ин давра аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорони ин донишгоҳ чӣ ихтирои арзандае пайдо шуд?

- Аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни мо ихтирооти зиёде кашф шуда, борҳо тавассути воситаҳои ахбори умум намоиш дода шудаанд. Онҳо  зиёданд. Ба фикри ман, ҳама гуна табдил додани орзуҳо ба амал, агар ҷаҳонӣ ҳам набошад, метавонад гӯшаеро мунаввар намояд. Барои мисол, миқдори зиёди роботҳо, электромобилҳо. Ҳамчунин, дар донишгоҳ студияи маърифатӣ фаъолият дорад.

-Мегӯянд, ки бештари донишгоҳҳои олии кишвар  аз ҳисоби қабули донишҷӯёни хориҷӣ фоидаи зиёд ба даст меоранд. Дар Донишгоҳи технологӣ чӣ?

-Мутаассифона, миқдори донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳи мо каманд, ҳамагӣ 8 нафаранд. Онҳо шаҳрвандони Афғонистонанд, ки аз ҳисоби квота мехонанд. Қаблан аз набудани хобгоҳ донишҷӯёни мо азият мекашиданд, ҳоло ин бартараф шуд ва соҳиби хобгоҳи замонавӣ шудем. Акнун метавонем ин масъаларо васеътар дида бароем.

-Солҳои охир сафи донишҷӯёне, ки пас аз хатми макотиби олӣ бекор мемонанд, афзудааст. Агар аз онҳо сабаб пурсед,  мегӯянд, ки дар Ватан заводу фабрика нест. Шумо, ки яке аз роҳбарони муассисаҳои олии кишвар ҳастед, нисбати дипломдорони бекор чӣ назар доред?

-Мо бояд фикррониҳои қолабӣ, яъне баҳогузориҳои солҳои пешин: «Ман диплом дорам», «Маро бояд қадр намоянд», «Маро бо ҷойи кор таъмин намоед»-ро аз худ дур намоем. Барои дарёфти ҷойи кор, ҳатто дар ИМА, ки яке аз давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, донишҷӯ аз рӯзи аввали таҳсил ба ихтисоси худ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Яъне, ҳам таҳсил менамояд ва ҳамчун ихтиёриён то ду сол бе маош кор мекунад ва агар лозим бошад, дар вақти муайян аз баҳри хондан баромада, ба дили корфармо роҳ меёбад ва баъдан боз таҳсилашро давом дода, муваффақ мегардад.

Айнан ҳамин таҷриба дар дигар давлатҳои ҷаҳон низ вуҷуд дорад. Ҳар як донишҷӯ бояд роҳи саодатмандиро худаш ёбад.

Аз тарафи дигар, Донишгоҳи мо дар сохтори Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, донишгоҳ имкониятҳои  бештар дорад. Зиёда аз 2 ҳазор корхонаи хурди миёна ва ширкатњо новобаста аз шакли моликият бо иқтидори гуногун дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.Ҳар сол, аниқтараш то моҳи ноябр аз корхонаҳои саноатӣ барои ҷойҳои кории холӣ маълумот гирифта, ба донишҷӯён пешниҳод мекунем. Ин ҷо ҳам мушкилот дорем. Ҷойи  кор ҳаст, лекин хатмкунандагон бо баҳонаи кам будани маош  ба кор намераванд. Барои мисол, ман њамчун номзади фан дар оѓози кор ба њайси лаборант ба фаъолият шурўъ намудам.

-Бадбахтона, имрӯз дар байни гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷавонони тоҷик кам нестанд. Албатта, одамони бесавод аз нодонию сустиродагӣ бо чунин гурӯҳҳои хунхор мепайванданд, вале мутаассифона, дар байни террористон бачаҳои соҳибмаълумот ҳам кам нестанд. Оё дар Донишгоҳи Шумо ҳам барои ҷалби донишҷӯён ба гурӯҳҳои тундрав ба қайд гирифта шудааст? Баъд, Шумо сабаби ба ин роҳ рафтани ҷавонони дипломдорро дар чӣ мебинед ва чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин раванд гирифта шавад?

-Не, дар донишгоҳи мо ин гуна донишҷӯён ба қайд гирифта нашудаанд. Ба ҳар як шахс ақлу фаросат ато гардидааст ва агар донишҷӯ солҳои беҳтарини ҷавониашро барои андӯхтани илму дониш набахшида, ба ин гурӯҳҳо шомил гардад, пеш аз ҳама, на худ ва на Ватани азизи худро дӯст намедорад. Шахсе, ки муқаддасот надорад, албатта, чунин хатогиҳоро содир менамояд.  

-Бештари донишҷӯён ошкоро мегӯянд, ки устодони Донишгоҳи технологӣ ҳам ришва мегиранд, баъзе номашон ба фасод баромадаву то ҳол фаъолият доранд. Дуруст аст? Оё баъди муайян шудани гуноҳи чунин устодон онҳо ҳуқуқи дубора кор кардан дар донишгоҳро доранд?

Тафсилоти сӯҳбат дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, №24, 18 июни соли2015

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>