
Сокинони Тоҷикистон имсол нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазонро дар ҳарорати то 41 дараҷа гармӣ рӯза хоҳанд дошт.
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки имрӯз, 18 июн – аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар кишвар ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе аз 38 то 40 дараҷа ва дар вилояти Суғд рӯзона то 39 дараҷа расида, вилояти Хатлон, то 41 дараҷа гарм мешавад. Ба иттилои манбаъ,: “Гармии ҳаво дар минтақаҳои ғарбу шарқи вилояти Бадахшон мутаносибан 25-30 ва 11-16 дараҷаро ташкил хоҳад дод”.
Бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ниҳоди расмии содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон имсол моҳи Рамазон 18 июн фаро расид, ки давомнокии давраи рӯзадорӣ дар як рӯз 17 соатро ташкил медиҳад.
«Ин ҳама имтиҳони бандаи мӯъмин аст ва мо бояд ин имтиҳонро бо камоли сабру таҳаммул паси сар кунем», мегӯяд як тан аз сокинони Душанбе. ки аз субҳ сӯи коргоҳи худ мерафт.Президенти Тоҷикистон дирӯз шабона тариқи телевизион чун анъана фарорасии моҳи Рамазонро ба ҳама табрик гуфт.