Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Оё муҳоҷирони “депортшуда” афв мешаванд?

$
0
0

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов  дар мулоқот бо Андрей Исаев, муовини раиси Думаи давлатӣ ва раиси блоки ҳизби ҳокими “Единая Россия” дар ин маҷлиси поёнии парлумони Русия пешниҳод кардааст, ки ҷониби Русия имкони қонунӣ гардондани муҳоҷирони тоҷик аз тариқи эълони як афви муҳоҷирон аз ҷумла барои онҳоеро, ки дар қаламрави ин кишвар ягон ҷиноят содир накардаанд, баррасӣ кунад.

Сатторов гуфтааст, ки мақоми қонунӣ ба даст овардани муҳоҷирон ба нафъи ҳарду кишвар аст, чунки имкон медиҳад, то ин қишри бузург аз бахши соягии иқтисоди Русия берун оварда шуда, ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо боло бурда шавад ва аз фасод дар бозори муҳоҷират ҷилавгриӣ шавад. Имомуддин Сатторов ҳамчунин сабуктар кардани талабот аз муҳоҷирони  тоҷик дар амри дарёфти патент дар Русияро пешниҳод кардааст. Аз ҷумла ӯ хостааст, то талабҳои имтиҳони забони русӣ, қонунгузорӣ ва таърихи Русия бозбинӣ шуда, ин ҳама танҳо аз он муҳоҷироне тақозо шавад, ки дар бахши хидматрасонӣ ба мардуми маҳаллӣ кор мекунанд.Ҳоло тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, муҳоҷир ҳатто барои ду қонуншикании маъмурӣ метавонад аз қаламрави ин кишвар берун карда шавад ваё, агар аллакай ба зодгоҳи худ баргашта бошад, дар ғайбаш аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шавад. Бисёриҳо баъди бозгашт ба Русия танҳо ҳангоми гузаштан аз хатти марзи ин кишвар мефаҳманд, ки дар “рӯйхати сиёҳ”-анд ва ноилоҷ маҷбур мешаванд, хароҷоти бузурги пули роҳ дар гарданашон бо ҳамон ҳавопаймо ба зодгоҳи худ баргарданд.Бино ба ҳисоби мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ба далели ихроҷ (депортатсия), берун кардан (выдворение) ва афтодани исмашон дар “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шудаанд, ба 276 000 нафар расидааст. Бар изофа, тақрибан 400 000 муҳоҷири дигари тоҷик, ба гуфтаи мақомоти Душанбе, дар гурӯҳи риск боқӣ мемонанд ва ҳар лаҳза барои хурдтарин қонуншиканӣ эҳтимоли ихроҷи онҳо аз ҳудуди Русия вуҷуд дорад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>