
«Истиқлол” дар бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бар “Паҳанг”-и Малайзия бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бар тими “Паҳанг”-и Малайзия бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омад. Ин бозӣ шаби чоршанбеи 26 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 15 ҳазор тамошобин баргузор шуд.Ҳисобро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 35-ум, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, легионери эронӣ, боз кард. Баъди се дақиқа Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, голи дувумро ба самар расонд. Голи севумро Хуршед Маҳмудов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 51-ум зад. Ба Дилшод Восиев боз муяссар шуд, ки дар дақиқаи 77-ум голи чаҳоруми “Истиқлол”-ро ба дарвозаи меҳмонон ворид намояд.Ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ муқобили “Паҳанг” чунин буд: Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов(Парвизҷон Умарбоев, 81), Бледа Родригес Мануэл (Умедҷон Шарифов, 78), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (капитан), Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Манучеҳр Ҷалилов.Доварони ин бозӣ бо раҳбарии сардовар Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола аз Урдун буданд.