Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

14 кило нашъаи корманди военкомат ба даст афтид

$
0
0

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як масъули баландпояи Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар пайи амалиёти муштараки хадамот бо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон аз дохили мошини тамғаи “Тойота-кемри” маводи мухаддир дар ҳаҷми зиёдтар аз 14 кило ёфт шудааст. Манбаъ мегӯяд, муайян гардид, ки ин маводи нашъадор ба Шараф Седшоев, ёрдамчии калони комиссари шаҳри Хоруғ -- сардори зершӯъбаи 2-юми Комиссариати ҳарбии Хоруғ таалуқ дорад. 

Ба иттилои Хадамоти гумрук, Седшоев маводи мухаддирро бар ивази 3500 доллар аз як шаҳрванди Афғонистон харидорӣ намуда, бо маслиҳати пешакӣ онро ба Сарвар Имомдодов медиҳад, ки дувумӣ ба шаҳри Душанбе интиқол додааст: “Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.                                                                    

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>