
Бо фармони президенти Тоҷикистон 26 август раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Рустам Раҳматзода аз мақомаш сабукдӯш шуда, ба мақоми муовини якуми раиси вилояти Суғд таъйин шуд.
Ба ҷои ӯ дар мақоми раиси "Барқи тоҷик"Мирзо Исмоиловро таъин кардаанд.Ҳамчунин, бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат як қатор тағйироти дигари кадрӣ ҳам сурат гирифт. Аз ҷумла, Алиҷон Ғуломов аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод карда шуд. Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардид. Ваколати судяи суди вилояти Суғд Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ карда шуд. Зокир Нозирӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод гардид.