
Президент Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буд. ки дар оғози моҳи сентябр маоши кормандони буҷавӣ боло бурда шавад. Аммо иҷрои ин супориш пас аз ду моҳ амалӣ мегардад.
Дар Сарраёсати буҷети давлатии вазорати молия гуфтаанд, ки афзоиши маоши кормандони буҷавӣ – омӯзгорону табибон, нафақахӯрон ва стипендияи донишҷӯёнро то моҳи ноябри соли ҷорӣ интизор набояд шуд. Ин тасмим ҳамакнун гирифта шудааст ва масъулони Вазорати молия мегӯянд, ки таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишвар онҳоро ба бозбинии барномаи афзоиши маош водор кард.
Агар ҳам маошҳо дар моҳи ноябр афзоиш ёбанд, мизони афзоиши онҳо дар муқоиса бо солҳои пеш 5 дар сад кам хоҳад буд. Яъне маоши кормандони давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз моҳи ноябр на 15 дарсад, балки 10 дарсад ва музди меҳнати духтурону муаллимон на 20 дарсад, балки 15 дарсад боло бурда меравад. Моҳи январи соли равон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумон қавл дод, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони буҷавиро афзоиш медиҳад.Президент гуфта буд, ки барои амалӣ шудани ин барнома аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ ҷудо мешавад. Аммо ҳоло мақомот эътироф мекунанд, ки барои таъмини ин маблағҳо буҷаи давлатӣ имкон надорад ва иҷрои ин қарор то ду моҳи дигар ба таъхир меафтад.Бӯҳрон ба Тоҷикистон асосан аз ҳисоби 32 дарсад кам шудани пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия ва то 20 дарсад кам шудани даромади давлат аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ таъсир кард. Ин аст, ки қисмати даромади буҷаи Тоҷикистон бори аввал дар 5 соли охир 4 дарсад камтар аз нақша иҷро шуд.