
Ҳабдаҳ сокини шаҳри Нораки вилояти Хатлон бо иттиҳоми тарғиб ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи гуруҳҳои ифротию террористӣ аз сӯи кормандони млитсия боздошт шудаанд. Дар бораи ин боздоштҳо Саидакбар Яъқубов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии хабар додааст.
Ӯ қабл аз намози ҷумъа гуфт, ҳоло ин сокинони шаҳри Норак дар боздоштгоҳ қарор дошта, бозпурсии онҳо ва тафтишоти пешакӣ аз сӯи кормандони Вазорати корњои дохилї идома дорад. Аммо оқои Яъқубов дар бораи шахсият ва замони боздошти ин афрод чизе нагуфт.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломї Тоҷикистон, гӯиё ин афрод ҷавонони тоҷикро “мағзшӯӣ” карда, ба сафи гуруҳҳои террористӣ сафарбар мекардаанд.
Хабари боздошти сокинони Норак бо гуноњи ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар сафи ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ дар Ироқу Сурия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дошта, то ҳол хабари марги зиёда аз 100 тани онҳо ба пайвандонашон расидааст.