Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Дар Душанбе бар зидди амалҳои ифротӣ 45 гуруӯҳ таъсис дода шуд

$
0
0

Шаҳрдории Душанбе ба манзури ҷилавгирӣ аз амалҳои ифротгароёна ва мубориза бо фарҳанги бегона 45 гурӯҳи таблиғотӣ таъсис додааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт, ки  “тасмим барои таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ ба манзури корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар гиромидошт ва волоияти қонун, густариши эҳсоси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ва эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори ҷомеа аз андешаҳои носолиму иртиҷоӣ дар қаламрави пойтахт дар ҷаласаи рӯзи гузашта гирифта шуд”. Ба гуфтаи Саидов,ба хотири амалӣ кардани ин тасмим 45 гурӯҳи таблиғотӣ, мутаносибан дар ноҳияи Сино 15 ва дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ 10-ададӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияташон шомгоҳон соати 18, шурӯъ аз 27 августи соли 2015 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо оғоз мешавад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>