
Барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани нафароне, ки дар латту кӯб ва буридани гӯши Умар Саидов, сокини деҳаи Сарикӯтали ноҳияи Варзоб гунаҳгоранд, як гурӯҳи махсус аз ҳисоби кормандони милитсия ташкил шудааст. То ҳанӯз чанде аз ҳамдеҳаҳои Саидов мавриди пурсиш қарор гирифтаанд, аммо мегӯянд, шахсони ҷинояткорро пайдо накардаанд. “Тафтишоти пешакӣ ҳоло идома дорад,” – гуфт навбатдори Шӯъбаи милитсияи ноҳияи Варзоб.
Ба қавли ӯ, афроди номаълум шаби 21 август дар наздикии хонааш Умар Саидовро латту кӯб карда, баъдан як гӯшашро аз бех буридаанд.
Баъд аз ҳаёҳӯи зиёд ҳамсояҳои Саидов ӯро бо сару рӯи пурхун ёфта, ба беморхонаи Қарияи Болои Душанбе меоранд. Ҳеҷ яке аз ҳамсояҳои Саидов афроди ба ӯ ҳамлакардаро надидаанд ва гӯши буридаи вай низ ёфт нашудааст. Ҳамлагарон ба гулӯву гардан ва рӯи Саидов низ бо корд се зарба задаанд. Худи Саидов пас аз дӯхта шудани захмҳояш дар беморхонаи Қарияи Боло ҳоло дар хонааш табобат мегирад, аммо ҳоло ҳам маҷоли гап задан надорад ва наметавонад бигӯяд, ки ҳамлаварон киҳо буданд. Умар Саидов соҳиби чор фарзанд буда, солҳои ахир аслан дар ноҳияи Варзоб ба таъмири мошинҳо машғул будааст.