Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Келинҳои ваҳшӣ ҳукми дарозмуддат гирифтанд

$
0
0

Суди  вилояти Хатлон дирӯз  Ойгул Пардаева ва Сафаргул Азимова, ду келини як хонадонро дар ноҳияи Қубодиён, ки дар куштору оташ задани хушдоманашон гунаҳгор буданд, равонаи зиндон кард.

Ойгул Пардаева ва Сафаргул Азимова тибқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои "в", "е", "з", яъне куштори махсусан бераҳмона гунаҳгор  шинохта шуда, аввалӣ 22 ва дувумӣ 21 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Зимни мурофиаи судӣ Ойгул Пардаева ба гуноҳаш қисман ва Сафаргул Азимова пурра иқрор шуданд.

Охирҳои моҳи майи соли равон Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду келини як хонавода дар ноҳияи Қубодиён хабар дода, гуфта буд,ки онҳо  хушдоманашонро ба қатл расонда, гуфтаанд, ки гум шудааст. Он замон ин ниҳод, хабар дода буд, ки моҳи январи соли равон наздикони Норгул Азимоваи 56-сола, сокини ҷамотаи деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён оид ба бедарак гардидани ӯ ба ШКД-и Қубодиён муроҷиат кардаанд. Ба иттилои манбаъ, наздиконаш гуфтаанд, Норгул Азимова гӯиё шоми 26 ба 27 декабри соли 2014 ба самти номаълум рафта, ба ҳамин бедарак гардидааст: “Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки Норгул Азимова бедарак не, балки бо як бераҳмии махсус аз ҷониби келинҳои хонадон ба қатл расонида шудааст. Ду келини Норгул Азимова бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ӯ нақшаи ҷинояти кушторро кашида, бо истифода аз офтоба ва санг ба сару руй ва тани Норгул Азимова задаанд”. 

Дар як гузориши видеоии омодакардаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои  дохилӣ низ келинҳо тасдиқ мекарданд, ки хушдоманашонро бо офтобаву санг зада, баъдан ӯро оташ задаанд. Яке аз келинҳои ин зан ҳолати латту кӯбу хушдоманашро чунин шарҳ дода буд: “Аввал якто задам, баъд бо санг дар сараш задем, беҳуш шуд, берун баровардем. Ба чуқурӣ партофта, баъд Сафаргул бензинро дар болояш рехт ва зажигалка алов зад. Хушдоманам аз ҷояш хеста ин пара он пара худашро мепартофт”. 

Хокистари хушдоманро келинҳо ба дарё андохтаанд.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>