
Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ талаб кардааст, ки дар шароити бӯҳрони молӣ маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода карда, "аз хароҷоти дувумдараҷа худдорӣ варзанд".
Аз Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар маҷлиси охирини ҳукумат дар ин бора "протоколи №9"қабул шудааст. Ин протокол тамоми вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллиро вазифадор мекунад, ки аз хароҷоти дуюмдараҷа "барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ"даст кашида, маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода кунанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.Иҷрои муқаррароти ин протокол бар дӯши Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Абдусалом Қурбониён -- вазири молияи Тоҷикистон гузошта шудааст Бар асоси ин протокол мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки дар марвиди чигунагии иҷрои талаботи ин протокол ба ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳанд.